Аъзои Маҷлиси миллӣ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба номи халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд

Ноябрь 8, 2016 14:17, 5 313 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

img_0476-kopiyaДушанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мувофиқи Қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси миллӣ ба номи халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд. Дар матни савганди аъзои Маҷлиси миллӣ чунин омадааст: «Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдона иштирок менамоям».

Зимни иҷлосияи ҳаштум аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои мамлакатро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»,  «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дигар қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шудаанд, баъд аз баррасӣ ва муҳокима якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Вобаста ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон» раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода хулосаи кумитаи Маҷлиси миллиро пешниҳод намуд. Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон таклиф ба миён гузоштааст, ки номи деҳоти «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов, номи деҳоти «Сайёд»-и ноҳияи Шаҳритуз ба деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, номи деҳаи Қазоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов, номи деҳаи Ҳоҷа-Қучқории ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чорсӯи деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бурбулоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чашмаи деҳоти «Намуна», номи деҳаи Туғаланги ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чаманистони деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, номи деҳаи Қирғизи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Ҳамдилони деҳоти Кабут Сайфутдинов, номи деҳаи Кӯлдимони ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯлдомани деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бешқудуқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Навшоди деҳоти «Озодагон» тағйир дода шаванд. Аъзои Маҷлиси миллӣ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамин тавр, пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба шаҳраки Меҳробод, номи деҳаи Қарақчиқуми Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб ва номи деҳаи Наймани Исфара ба деҳаи Сароб низ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ дастгирӣ ёфт.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин» ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод  пешбарӣ намуда буд, ки онро Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Ба ҳамин тартиб, номи деҳаи Ганҷбор-2 ба Шаҳдбор, деҳаи Гулрез-2 ба Хуррамдеҳ, деҳаи Эловар ба деҳаи Панҷдеҳ, деҳаи Гирдоб-2 ба деҳаи Сеоба, деҳаи Баракат-2 ба деҳаи Сахиён, деҳаи Гулобод-2 ба деҳаи Нурофар, деҳаи Ҷавонон-2 ба деҳаи Бахтёрон, деҳаи Кишоварз-2 ба деҳаи Сароб, деҳаи Ҳуснобод-2 ба деҳаи Чашмасор, деҳаи Тиллои сафед-1 ба деҳаи Фахробод, деҳаи Адолат-1 ба деҳаи Сафедоб, деҳаи Ҷангалобод-2 ба деҳаи Боғистон, деҳаи Деҳқонобод-2 ба деҳаи Қалъаи Гулистон, деҳаи Даҳана-1 ба деҳаи Ҳакимон тағйир дода шуданд.

Дар маҷмӯъ дар вилояти Хатлон номи 2 деҳот ва 7 деҳа, дар шаҳри Ваҳдат номи 14 деҳа, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов номи як шаҳрак, дар шаҳри Конибодом номи як деҳа ва дар шаҳри Исфара номи як деҳа тағйир дода шуданд.

Таъкид карда шуд, ки зарурати тағйир додани номи шаҳрак ва деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, аз афкори умум ва хоҳиши сокинони маҳалҳои аҳолинишин сарчашма гирифтааст.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин Қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд, ки тибқи он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад бо арзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ онро дар хонаи худ парафшон кунад.

img_0448-kopiyaimg_0451-kopiya

Ноябрь 8, 2016 14:17, 5 313 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Таврический ДворецҶаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи СААД
мухокима парлумониБаррасии вазъи маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Парлумон
иктВАЗИР: Соҳибкороне, ки аз оғози сол мошинҳои нав ворид намудаанд, аз имтиёз бархӯрдоранд
ПарлумонПарлумон ба қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2017 илова ворид менамояд
shuroi-olli-6Баррасии лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумон
Ваколати вакил -М.КаландарзодаВаколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид
Парлумон 2Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро қабул кард
ШуроБа қонун дар бораи Палатаи ҳисоб тағйирот ворид мегардад
Ш.Зухуров & РаббониОромии Афғонистон оромии минтақа аст
Парлумон6Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ 50 масъала баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд
Юсуф Раҳмон: «Шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ коҳиш ёфтааст»
Парлумон-слайдИмрӯз дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад