Баррасии татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Ноябрь 26, 2016 12:57, 1 134 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

novyj-risunok

Душанбе, 26.11.2016. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ислоҳоти гузаронидашуда дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, ҳамчунин таҳлил ва тавсияҳои мушовирони байналмилалии Бонки рушди Осиё ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардида буданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор” дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки он 25 декабри соли 2015, №1269 қабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.

Дар асоси қонуни мазкур ва бо мақсади таъмини ҳамкорӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, № 331 Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис гардид.

Шўро мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” таъмин менамояд.

Ноябрь 26, 2016 12:57, 1 134 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Нусратулло Давлатзода: «Ҷаримабандии ширкати мобилии «Tcell» дар доираи қонун ва ваколатҳои Кумита сурат гирифтааст»
Н. Давлатзода: «Беш аз 6000 ҳолати ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор шуд»
21Форуми соҳибкорони ҷавон дар шаҳри Душанбе
Амонат бонк (1)Руҳуллоҳ Ҳакимзода: «Амонатбонк» аз ҳисоби ҷалби муштариён ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ мавқеи аввалро соҳиб гашт
dsc_0480Тоҷикистону Ӯзбекистон намоиши маҳсулотро ба роҳ мемонанд
dsc_0480Комиссияи байниҳукуматӣ самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, савдо, нақлиёт, саноат, фарҳанг, маориф, варзиш ва тандурустиро баррасӣ кард
31650929352_d963550d9e_zШурӯъ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи мошинҳои нав аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд
ssi-5Худобердӣ Холиқназар: «Тоҷикистонро ояндаи нек ва дурахшон дар пеш аст»
azim-ibrohimТаъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ-кафолати саломатӣ
31441219676_8dd44ae4de_zЛилия Бурунчук: «Мо ҳавасманди аз ин ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон ҳастем»
rasmi_1_nbt_vbТақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ
rasm_1Баррасии самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи БМТ