Баррасии вазъ, тамоюл ва чолиш дар фаъолияти соҳибкорӣ

Ноябрь 30, 2016 11:26

dsc_0637Душанбе, 30.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба кори худ оғоз кард.
«Мақсад аз ҳамоиш мусоидат ба такмили ҳамгироии фаъолияти мақомоти давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон, ташкили муҳокимаҳои созанда ва мубодилаи афкор доир ба имконияту маҳдудиятҳои таъмини рушди сармоявии иқтисод буда, дастгирии пешниҳоду иқдомҳоест, ки ба таъмини самаранокии ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи сиёсати сармоягузорӣ ва ҳамгироиҳои он бо афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ мусоидат менамоянд»,-иттилоъ доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ .
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори МТС иброз дошт, ки фазои сармоягузории Тоҷикистон дар солҳои охир беҳтар гашта бошад ҳам, то ҳол дар ин самт мушкилиҳо мавҷуданд. «Имрӯз мо зимни симпозиум тамоми монеаҳоро дар ин самт муҳокима хоҳем намуд. Дар доираи барномаи имрӯза иштирокчиён бисёр масъалаҳои ҷиддӣ ва ояндадорро мавриди таҳлил қарор медиҳанд»,-зикр намуд С.Сафаров.
Гулбаҳор Назирӣ, вакили МН МО ҶТ, узви кумитаи иқтисод ва молия илова намуд, ки соли равон бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. «Ҳадаф аз қабули ин санадҳо беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии сармоягузорон барои фаъолият дар кишвар, содда, возеҳ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани заминаи ҳуқуқии соҳа мебошад. Қонунгузории мамлакат баробарҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷиро таъмин менамояд. Дар ин маврид танзими қонунгузорӣ вобаста ба савдои берунии сармоягузорӣ, инчунин коҳиш додани боҷи гумрукӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун узви қомилҳуқуқии Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо баромад намояд»,-афзуд Гулбаҳор Назирӣ.

Дар Симпозиуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ масъалаҳои вазъи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои сохтории рушди сармоявии иқтисод, тамоюлҳо дар сиёсати сармоягузорӣ, дастгирии ҳуқуқии ҷалби сармоя, сифати ниҳодҳои рушд ва фаъолияти сармоягузорӣ, афзалиятҳо дар сармоягузорӣ, имкониятҳои рушди саноатии Тоҷикистон, вазъ, тамоюл ва чолиш дар фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.
Дар кори симпозиум роҳбарони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказҳову пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимии олӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иштирок доранд.

Ноябрь 30, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
12 снаряд ба абрҳои жолазои манотиқи гуногуни Тоҷикистон партоб шуд
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд
Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид
Бар асари бориши шадид дар Танзания беш аз 50 нафар ҳалок шуд