Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҳиндустон доир шуданд

Ноябрь 18, 2016 10:06

Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷата Меҳта 17 ноябр дар Душанбе машваратҳои сиёсии дуҷониба баргузор шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон ва ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.
«Дар машваратҳо атрофи масъалаҳои таъмини амният ва рушди устувори минтақа, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ва инчунин рӯзномаи Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи «Қалби Осиё/ Раванди Истанбул» оид ба Афғонистон, ки 3-4 декабри соли 2016 дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон баргузор мешавад, табодули назар сурат гирифт»,-иттилоъ додааст манбаъ.

Ноябрь 18, 2016 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Швейтсария либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд