Фарҳод Бекманбетов: «Ҳамкории фарҳангии тоҷикону қирғизҳо аз қадим ба роҳ монда шудааст»

Ноябрь 17, 2016 15:16

Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Аз оғози муносибатҳои фарҳангӣ Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми самтҳои фарҳанг, аз қабили театр, кино, мусиқӣ, опера, балет ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд. Фарҳанг сарҳад надорад»,- гуфт Фарҳод Бекманбетов, муовини Вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии Қирғизистон имрӯз, 17 ноябр зимни нишасти матбуотӣ. Ин ҷамъомад дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба гуфтаи Фарҳод Бекманбетов, ин ҳамкорӣ аз қадим ба роҳ монда шуда, баъдан аз насл ба насл гузашта истодаанд.
«Соли гузашта ҳунармандони тоҷик бо барномаи ҷолиби худ хотири мардуми қирғизро шод намуданд. Имрӯз мо ба бародарони тоҷики худ барномаи консертӣ ва филмҳои ҷолиби таърихӣ намоиш хоҳем дод. Боиси хушҳолист, ки имрӯз, 17 ноябр дар Қирғизистон Рӯзи кино ҷашн гирифта мешавад»,-илова намуд ходими фарҳангӣ.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баён намуд, ки солҳои охир дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои фарҳангӣ ва театру кинотеатрҳо сохта мешаванд. «Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дирӯз ҳунармандони мо аз шаҳри Минск баргаштанд. Дар он ҷо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир гардиданд. Соли равон барои тоҷикон соли фарҳангӣ буд гӯём ҳам, хато намекунем, зеро бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Ин барномаҳо то ҳол идома доранд»,-зикр намуд Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон илова намуданд, ки дар оянда чунин рӯзҳо бештар ба роҳ монда мешаванд. Ҷонибҳо зимни мулоқот ба хулоса омаданд, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон доир мегарданд.
Хотиррасон мекунем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябр оғоз гардида, то 20 ноябр идома меёбанд.
Имрӯз, 17 ноябр соати 14-00 дар Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардид.
Бино ба гуфтаи Ф. Бекманбетов, онҳо ба тамошобинони тоҷик филми таърихиеро намоиш хоҳанд дод, ки дар он табиат ва манзараи зебои кишварашон тасвир шудааст. «Ҳар як тоҷик дар ин манзара, табиати нотакрори Тоҷикистонро хоҳад дарёфт, зеро табиати ҳар ду кишвар ба ҳам хеле монанданд. Инчунин ба дӯсторони кино мо филми аниматсионии қирғизиро нишон хоҳем дод», -илова намуд меҳмони қирғиз.
Худи ҳамин рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ расми ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, ки дар он намоиши фарҳангию ҳунарӣ, наққошӣ ва халқии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар аст.
Пагоҳ, 18 ноябр меҳмонони қирғиз аз шаҳри Ваҳдат дидан намуда, бо барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон табъи сокинони ин шаҳрро болида месозанд. Дар он ҷо ҳунармандони тоҷик низ барномаи фарҳангии омоданамудаашонро ба меҳмонон пешкаш хоҳанд кард.
19 ноябр дар назар аст, ки иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва майдону хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан намоянд.
Худи ҳамон рӯз соати 17-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ноябрь 17, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид