Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия

Ноябрь 30, 2016 22:56

Душанбе, 30.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Прага «Ватслав Ҳавел» Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони сатҳи баланди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

31198292332_99221797a9_z30534766413_5fc78d1e55_z

Ноябрь 30, 2016 22:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд