Маблағгузорӣ ба соҳаи об барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор замина мегузорад

Ноябр 30, 2016 11:25

Хабарҳои мавзӯъ

30495504384_e1147fd232_z

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар татбиқ шудани Нақшаи амалҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки моҳи сентябри соли равон қабул шудааст, ҳавасманд мебошад.
Яке аз бандҳои асосии Нақшаи Панели мазкур эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мебошад.
Бояд гуфт, иқдоми эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, айни ҳол лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ дод, дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид карданд, ки тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор рафта, барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод фароҳам меоварад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муҳимтарини марбут ба об, хусусан сармоягузорӣ ва инфрасохтор дар ин соҳа фикру мулоҳизаҳои судманд баён кард. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ин ду ҷанба дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об бо назардошти равандҳои нав, пеш аз ҳама таъсири тағиёрбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанд, омилҳои калидӣ ва манфиатовар ба ҳисоб мераванд.

Ноябр 30, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Хилоли ахмарМоҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоиш ҷамъбаст гардид
MNK_7952 - копияШайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён: «Аморот ҳамкории бисёрҷонибаро бо Тоҷикистон густариш хоҳад дод»
Обзор«Ошноиро зи об омӯхтем»-шарҳи матбуот
Чашни ВахдатТаҷлили Рӯзи ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Теҳрон
бмтБонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад
es-pomozhet-tadzhikistanu-provesti-pensionnuyu-reformu_1Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон
Намоиши Суратхои Навруз Саидов (1)Асо ҳам як замоне шохаи сабз будааст. Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи ҳифзи муҳити зист
НоракДар Норак бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои аҳолӣ семинар доир гардид
Кудакон25 май-Рўзи умумиҷаҳонии кўдакони гумгашта: бемасъулиятии волидайн омили асосии бедарак гаштани кӯдакон мешавад
IMG_0008Китобҳои арзишманди Пешвои миллат метавонанд дар ташаккули афкори ҷавонон нақши муассир гузоранд
Дар ноҳияи Дарвоз Маркази нави хизматрасонии муштариён (1)Дар ноҳияи Дарвоз Маркази нави хизматрасонии муштариён ба фаъолият оғоз намуд
Имзои лоихаи СозишномаИмзои Созишнома оид ба пешниҳоди таҷҳизот барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ