Маъруф Муҳаммадҷонзода: Ҳунари сохтмончӣ зебоиро афзун мегардонад

Ноябрь 9, 2016 10:50

Хуҷанд, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи он шаҳрҳоест, ки дар он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба инкишоф дорад. Аз ҷумла, сохтмон, ки  соҳаи эҷодкунанда, созанда ва бунёдкунанда ба ҳисоб меравад. Хосатан дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар симои ин маркази маъмурии кишвар бо ба истифода додани иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ куллан тағйир ёфтааст. Дар ин замина оид ба нишондиҳандаҳои асосии соҳаи сохтмону меъмории шаҳр ва нақшаву дурнамои он хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо муовини раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадҷонзода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Муҳтарам Маъруф Муҳаммадҷонзода, дар соли  25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохтмончиёну меъморон чӣ миқдор иншооти нав бунёд гардиданд?

М.Муҳаммадҷонзода: Соли равон барои кулли мардуми Тоҷикистони азизамон барҳақ хотирмону назаррас аст, зеро тамоми сокинони мамлакат бо ифтихор аз соҳибистиқлолии кишварамон 25-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Басо рамзист, ки маҳз соҳибистиқлолии мамлакат баҳри рушду тараққии соҳаҳои мухталифи кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Дар радифи дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи сохтмону меъморӣ низ рӯ ба рушд ниҳод. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳунари сохтмончӣ афзунгари зебоист. Бозгӯи ин гуфтаҳо, сохтмон ва баистифодадиҳии иншооти гуногуни иқтисодиву маишӣ бо тарз ва услуби навини шаҳрсозии шарқӣ дар тамоми гӯшаву канори кишварамон аст, ки ба ҳусн ва намуди шар нақш ва ҷилои тоза зам намудаанд. Хосатан, дар маркази вилояти Суғд давоми панҷсолаи охир иншооти гуногун, чун варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ»  бо фарогирии беш аз 25 ҳазор тамошобин, корти теннису ҳавзи варзишӣ ва қасри пӯшидаи варзишӣ барои беш аз 3 ҳазор тамошобин, бунёди муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ, бунёд ва навсозии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Камоли Хуҷандӣ бо муҷассама ва хона-музеи шоир, бинои 13- ошёнаи Кохи матбуот, навсозии майдони абармардони ҶДҶ, боғи «Ғалаба» ва хиёбони С.Айнӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна бо услуби шарқӣ ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз чанд иншооти азими чашнӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол», ки услуби хоси сохтмони он дар ҷумҳурӣ беназир мебошад, бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён»,  бинои муосири 9-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат ба сохтмони бинои нави асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.

huchand-3

АМИТ «Ховар» Нишондиҳандаҳо дар соли равон, хосатан дар нуҳ моҳи сипаришуда чӣ гунаанд?

М.Муҳаммадҷонзода: Сохтмончиёну меъморон ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва раиси вилояти Суғд фаъолият намуд,а ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд.  Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби сохтмончиён, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба миқдори 165 млн 412 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуда, ба маблағи 63 млн 666 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд. Инчунин корҳои пудратии ба анҷом расонида 136 млн 562 ҳазор сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,4%-ро дар бар гирифт.   Дар маҷмӯъ, дар давоми соли 2016 ба идораи сохтмони асосии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар маҷмӯъ 16 млн 617,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, то инҷониб иҷрои корҳо дар нуҳ моҳ 16 млн 185,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки аз оғози сол дар маркази вилоят чанд иншооти дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд?

М.Муҳаммадҷонзода: Дар давраи ҳисоботӣ ва ҳамзамон ба истиқболи ҷашни хотирмон дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд 16 корхонаи истеҳсолии хурду миёна бо фарогирии беш аз 300 ҷои кор, 4 боғчаи кӯдакона, аз он ду хусусӣ бо фарогирии дар умум 700 нафар кӯдакон, 2 толори варзишиву 2 китобхонаи мактабӣ, 4 майдончаи футболи хурд, 22 майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна, наздик ба 10 бинои бисёрошёнаи истиқомативу 4 маркази савдо ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳрӣ барои таъмиру навсозии мактабҳои шаҳр 2 млн. 76 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои томактабӣ 1 млн 42 ҳазор сомонӣ ва  таъмири 7 муассисаҳои тиббӣ 1 млн 630 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

АМИТ «Ховар» Вобаста ба афзоиши аҳолӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб- ин таъминоти аҳолии шаҳр бо манзили истиқоматӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт чӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд?

М.Муҳаммадҷонзода: Дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳрӣ дар самти бо манзили зист таъмин намудани аҳолӣ як зумра корҳо ба сомон расонида шуданд. Пеш аз ҳама, аз оғози сол то инҷониб аз тарафи сохмончиён ба масоҳати 31 ҳазору 721 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ  ба истифода дода шуданд. Инчунин баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ (аз с.2010) бобати ба шаҳрвандони ниёзманд ҷудо намудани китъаҳои замини наздиҳавлигӣ  то инҷониб дар умум 4607 нафар сокинон, ки аз он 2107 нафарашон аз маҳаллаҳои 1, 2, 14,15 ва 26-уми маркази вилоят ва 2,5 ҳазорашон аз шаҳраки навбунёди Сайҳун бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд. Бояд таъкид намуд, ки оғоз бахшидан ба сохтмони шаҳракҳои нав, чун Сайҳун дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори нахуст сурат гирифта, дар амалисозии ин ҳадафҳо сохтмончиён низ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Масъалаи таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр дар кадом сатҳ қарор дорад?

М.Муҳаммадҷонзода: Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  сокинони маҳаллаҳои навбунёд, ки шумораашон наздик ба 50 ҳазор нафар расидааст ва ҳамчунин аҳолии 10 микроноҳияи қисми шимолу ғарбии шаҳр бо оби нӯшокии  минтақаи «Чашма»-и мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъмин карда мешаванд. Барои ҷараёни корҳои лоиҳавӣ аз маблағи умумии пешбинишудаи 76 млн сомонӣ 3,6 млн сомонӣ ҷудо гардида, дар ин самт корҳо оғоз гардидаанд. Ҳамзамон то ба анҷом расидани корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби корхонаи «Хуҷандобуканал» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳоккимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои сокинони маҳаллаҳои 1,2, 14 ва 15 дар мавзеи микроноҳияи 12-ум  3- то чоҳи амудӣ ва ду ҳавз бо ғунҷоиши 1000 куб об сохта шуда, ба он тавассути пойгоҳи қитъаи обкашии №4  об равона карда мешавад.

  Абдуаҳад Шарифзода, АМИТ «Ховар», Суғд

Ноябрь 9, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад