Парчам рамзи садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номуси ватандорист

Ноябрь 22, 2016 10:38

Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Имрўз парчами миллии мо дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дўст доштан аст. Парчам рамзи садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мардуми мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами сарбафалаки хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ  дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд.

Замоне ниёгони мо онро чун рамзи ишора кардан ба ҷое ва ҷамъ омадан ба коре истифода бурдаанд. Замоне онро чун рамзи мубориза ба муқобили золимон, замоне Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама ҷаззобият онро бо вожаҳои асили қадимии тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи озодӣ ва давлатдории таърихии мо будааст. Муҳаббати бепоёни ориёӣ ба парчам чунон будааст, ки сулолаи Сосониён дар он нақши мурғи Ҳуморо зардӯзӣ намуда, парчамро нишона ва рамзи муқаддаси аҷдодӣ донистаанд. Ҳатто андешаву дилбохтагӣ ба он сарварону паҳлавонони номварро водор намуда будааст, ки ҳар яке дирафши хоси худро дошта, ба шеваҳои гуногун онро «алам», «парчам», «байрақ» ва «ливо» мехонданд.

Парчами мо то замони истилои араб парафшонӣ дошта, бо амри таърих дар баробари дигар дороиҳоямон бо дасти бегонагон нопадид гардида буд. Аммо дар хотираи таърихии мардумони мо на танҳо парчаму дигар рамзҳо, балки таҷассуми нақши паррандаи заррин, мурғи Ҳумо ҳамчун рамзи иқболу бахт ва покию озодагӣ то ҳанўз боқист. Ҳукми таърих чунин буд, ки тоҷикон ба истилою ғорати муғул ва дигар қавмҳои хонабардўши саҳроӣ рў ба рў буданд, аммо андешаи озодӣ ва истиқлолхоҳии хешро аз даст надодаанд. Онҳо бо забони илму маърифат ба рафтору кирдор ва анъанаҳои мардуми кўчӣ ҳикмати маънӣ зада, муҳаббату садоқат омўхтанд. Яъне агарчӣ тавассути ақлу хирад бегонагонро мутеи ҳукми худ сохта бошанд ҳам, аз чӣ бошад, ба онҳо ҳамаро бовар кардаанд. Бале, расида буд замонае, ки барои бегонагон қисмати ин минтақа бо номҳои Карону Шумону Курон муаррифӣ мешуд. Вале ин номҳо ҳикмати дигаре низ доштанд. Афсўс, ки саҳв ва айбҳои боварӣ ба бегонагон дар ин минтақа солҳо тантана мекард.

Ҳамин тавр, боз расид айёме, ки ниёгони мо ба ҳикмати зиндагӣ назари дигар намуда, ба бегонагон мақому мартаба, илму маърифат ва замину ҳокимият низ инъом намуданд, ки оқибат шаҳди онро имрўз мо чашидаем.

parchami-davlati-000

Куҷо шуд девори Бухоро?  Куҷо шуд  сайқали рўи замин?  Чунин сабақҳои таърихӣ дар ин сарзамини аҷдодӣ то шикасти бузургтарин қалъаҳои тоҷикон, ба монанди қалъаи Ямчуни Бадахшон, Вишгарди Файзобод, Ҳулбуки Хатлон, Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Ҳисори шодмон, қалъаҳои Хуҷанду Кўлоби бостонӣ давом кард. Вале рўҳияи мубориз ва ҷасорати ин мардуми озодихоҳро касе шикаста натавонист. Муборизаҳо боз чанд қарни дигар давом ёфтанд. Бозиҳои фитнаангези таърихӣ то охири садаи 20-ум идома карданд, вале ин мардум ба фардои миллати хеш бо андешаи қавӣ ва ору номуси ватандорӣ боварӣ дошт ва ниҳоят файзи насими истиқлол таровати тозаи баҳорӣ овард. Боз тоҷик аз нав андешаву қудрат ва тавоноии худро зоҳир  карда, рўҳияи шикастнопазири хешро дар рамзҳои миллӣ ва амали давлатдорӣ таҷассум намуд.

Имрўз бо ин ҳама соҳибхирадии азалӣ ва истиқлолхоҳӣ барои миллати мо замоне фаро расидааст, ки ифтихори Парчаму Нишон ва ҷасорати ҳимояи марзу буми Ватанро дошта бошем.

Ҳамин тавр, ифтихор аз Парчам ифтихор аз миллати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Пас, ҳикмати парчами миллӣ ин эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст. Омўзишу шинохти парчами миллӣ — ин василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллист.

Бояд зикр намуд, ки бо ин ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки Парчам имрўз рамзи озодию худогоҳист ва он барои таҷассуми истиқлол ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод карда метавонад. Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти тоҷикон- шаҳри Душанбе майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҷассумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд.

Имрӯз мо бо ифтихор мегўем: Ҳар касеро ки фазилати ифтихор аз истиқлол ва доштани ҳувияти миллӣ муяссар гардида бошад, ў фарзонаи миллат аст. Парчами миллӣ нишонаи пойдории давлати миллӣ ва эҳтироми он- эҳтироми Тоҷикистони азиз аст.

                                                                      Абдураҳмон МУҲАММАД

                                                                   Директори Институти  фалсафа,

                                                                      сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ,

                      доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Ноябрь 22, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»