Парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аз моҳи январи соли 2017 фаъол мегарданд

Ноябрь 30, 2016 15:24, 518 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Фурудгох

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон- Душанбе ва Тошканд парвозҳо фаъол хоҳанд гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои сарчашма, имрӯз дар Вазорати нақлиёти кишвар байни ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон санад оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ мемонанд. «Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Ин ба соҳаи авиатсияи ду ҷониб такони тоза мебахшад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст»,-илова намуд мусоҳиб.
Бино ба дурнамои вазорат, дар оянда байни дигар шаҳрҳои ин ду кишвар парвозҳо ба роҳ монда мешаванд.
Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҳайати Ӯзбекистон имрӯз аз фурудгоҳи байналмилалӣ, кори хадамоти он ва терминали байналмилалӣ дидан намуда, барои ҳамкорӣ дар гусел ва қабули мусофирон бо фурудгоҳ ба тавофуқ расиданд.

Ноябрь 30, 2016 15:24, 518 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

afcҶоми Осиё-2019: Қирғизистон ва Туркманистон ҳарифонашонро шикаст доданд
60 фоизи оби ошомидании ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид мешавад60 фоизи обҳои ошомидании ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид мешаванд
Тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ дар ҷамоати Карим Исмоилови шаҳри ВаҳдатТантанаҳои наврӯзӣ дар ҷамоати Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат
акс 1 (1)Лағзиши кӯҳпора боиси хароб шудани чаҳор манзил ва долу дарахти сокинони маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ гардид. Касе осеб надидааст
Шодихон ЧамшедДар ҳамаи идораву муассисаҳо ва мақомоти маҳаллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил мешавад
зилзилаДар шарқи кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд
Паго--дар-Хонаи-адибони-ба-Пагоҳ дар Хонаи адибон маҳфили «Гулбарги наврӯзӣ» доир мегардад
МВД2Ба даст афтодани ноболиғон бо гумони дуздӣ
тандурусти хизмати харби-мушовара дар в ХатлонДар Хатлон фаъолияти сохторҳои тандурустӣ зимни даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баррасӣ гардид
Борони НаврузРӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ бориши борони пуршиддат ва барфи тар дар назар аст
Ҷавонон бар зиддитероризму экстремизм- вохӯрии судманд дар ноҳияи Ҷ.Расулов (1)«Ҷавонон бар зидди терроризму экстремизм»- вохӯрии судманд дар ноҳияи Ҷ. Расулов
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» семинари омӯзишӣ доир гардидДар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» семинари омӯзишӣ доир гардид