Пешвои миллат: «Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад»

Ноябрь 28, 2016 16:22

Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити оби Будапешт оид ба мушкилоти байналмилалии марбут ба об изҳорот дод, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад.
«Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад», — омадааст дар суханронии Сарвари давлат.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. «Танҳо дар даҳ соли охир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем, — таъкид кард Пешвои миллат ва афзуд, ки «Сарфи назар аз ин, кишвари мо дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, ба зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ вобастагӣ дорад. Ҳамзамон, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст».
Президенти мамлакат зикр намуд, ки «Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, дар давраи фасли зимистон ҳамасола бо камбуди неруи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боиси мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад».
Дар суханронии Сарвари давлат таъкид гардид, ки аз 527 миллиард кВт/соати иқтидорҳои солонаи кишвар имрӯз танҳо 3-4 фоизи он истифода мешавад. Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин расидан ба рушди устувор шаҳодат медиҳанд.

Ноябрь 28, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд