Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳамкориву шарикии созанда тақозои замон аст»

Ноябрь 28, 2016 16:15

30486055543_c588d5c8b5_zДушанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Саммити оби Будапешт изҳор кард, ки ба Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудани масъалаҳои сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об, ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли ахири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
«Ҷойи шубҳа нест, ки хавфи сар задани буҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии сайёраи мо ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Тахмин меравад, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид», — омадааст дар суханронии Сарвари давлат.
«Дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст», — изҳор кард Сарвари давлати тоҷикон дар Саммити оби Будапешт.
Хотиррасон мекунем, ки 28 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ноябрь 28, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд