Рӯзи парчами давлатӣ муборак!

Ноябрь 24, 2016 08:15

Душанбе, 24.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Парчамҳо таърихи беш аз 3000- сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар китоби муқаддаси «Авасто» дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он маълумотҳо оварда  шудаанд. «Парчам» ва  «дирафш» вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, «байрақ» вожаи туркӣ, «ливо» ва «алам» вожаҳои арабӣ ҳастанд.

Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд. Он бо дасти арабҳои истилогар нобуд карда шуд.

Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии ИҶШС буд. Конститутсияи соли 1924 – уми Иттиҳоди Шӯравӣ парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири путку дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонад. Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами асосӣ шабеҳи худро қабул кунанд.

Парачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

РАНГИ СУРХ – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ,  ҳимояи фарҳанг ва анъанаву суннатҳо миллӣ тасвир намудааст.

РАНГИ САФЕД – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнудӣ низ мебошад.

РАНГИ САБЗ – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Ранги сабз – ранги баҳор, сабзишу шукуфтанҳо ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистони мо ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошад. Фақат бо меҳнати ҳалол мо метавонем кишвари маҳбуби худро обод созем. Ватанамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил барои ободии он кӯшиш намоем.

ТОҶ – дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид карда шудааст. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

 

Ноябрь 24, 2016 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»