Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Шӯрои Аврупо мулоқот намуд

Ноябрь 25, 2016 11:08

Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Страсбурги Фаронса мулоқоти Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Шӯрои Аврупо Торбёрн Ягланд баргузор гардид.
«Ҷаноби Ягланд зимни суҳбат аз мулоқоти худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 дар қароргоҳи Шӯрои Аврупо ёдовар шуда, равобити ниҳоди худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гарчанд узви Шӯрои Аврупо нест, пурсамар ва ояндадор хонд»,- гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди онҳо ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо ба фаъолияти Комиссияи аврупоии «Демократия аз тариқи Қонун» (Комиссияи Венетсианӣ) таваҷҷуҳ намуда, онро падидаи мусбат арзёбӣ карданд ва тавсеаю рушди чунин муносиботро байни Суди конститутсионии Тоҷикистон ва Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо салоҳ донистанд.
Дабири кулли Шӯрои Аврупо таъкид кард, ки тақвияту тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шӯрои Аврупо ва инчунин Иттиҳоди Аврупо дар мавзуоти мубориза бар зидди ифротгароиву ҳаросафканӣ, пешгирии интишори маводи мухаддир тақозои рӯз аст ва дар ин самт инкишофи ҳамкорӣ байни муассисаҳои марбутаи кишвар ва ниҳодҳои Шӯрои Аврупо (Комиссияи Помпиду) чун рушди муносиботи ду ҷониб муфид хоҳад буд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо хушбинии хешро нисбат ба дурнамои тақвияти иртиботӣ иброз намуданд.

Ноябрь 25, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд