12 донаи ангур- 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшанд

Декабр 31, 2016 09:26

Хабарҳои мавзӯъ

angur

ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли нав яке аз идҳоест, ки онро дар саросари ҷаҳон мардум бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Агар ба таърихи ин ид назар андозем, он чандин ҳазорсолаҳоро дар бар гирифта, таҷлили он дар байни мардумони ҷаҳон дорои хусусияти хоси худ аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Соли нав- ин урфу одатҳои гуногуни ҷашнгирии он дар нуқтаҳои мухталифи сайёра мебошад. Анъанаҳои солинавӣ- ин пеш аз ҳама, тайёрӣ ба таҷлили Соли нав дар ҳар як оила мебошад, ки чанд рӯз қабл аз ид оғоз мешавад. Одамон хонаҳоро оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд ва мизи идона ороста менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Соли нав миёни мардумони ҷаҳон- ин тарзи ороста кардани дастархони солинавӣ бо ғизоҳои гуногун аст. Маҳз дар робита ба он ҳар як миллат урфу одатҳои хешро тӯли ҳазорсолаҳо ҳифз доштааст. Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад: аз карами баҳрӣ (шодӣ), аз лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), аз моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву рӯҳбаландӣ) ва ғайраҳо.
Дар рӯи мизҳои идонаи мардумони Австрия, Венгрия, Югославия қариб, ки ягон хӯрокеро аз гӯшти парранда вохӯрдан мумкин нест — аҳолии ин кишварҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад.  Дар шаби Соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 донаи ангурро бихӯранд — 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад, зеро ангур дар ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад. Чормағз, мош ва ангур барои итолиёвиҳо рамзи саломатӣ, комёбӣ ва дарозумрӣ мебошанд. Дар Русия қариб ҳар як мизи идонаро пирогҳо, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбӯруғӣ, кулчақандҳои асалӣ бо шир бояд бошанд. Иди Соли навро дар Франсия метавон иди «сафедиҳо» номид. Дар рӯи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед ва меваҳои тозаи бо шакар омехташуда гузошта мешаванд. Дар Италия ҳам таомҳои анъанавии солинавӣ ҳастанд. Масалан, дар Болония- ин пироги гӯштӣ бо қаймоқ мебошад, ки номаш тортелинист. Дар Лаҳистон ба мизи ҳатман бо дастархони сафед орододашуда 13 намуди хӯрок гузошта мешавад. Хӯроки солинавӣ бо шӯрбо аз моҳӣ ё замбӯруғ сар мешавад, баъд паси ҳам карам бо занбӯруғ, моҳӣ бо соуси ширин ва ғайраро меоранд. Аз ҳама охир кулчақанд, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешаванд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ идома дошта, дар рӯзҳои ид аз ҷониби идораву вазоратҳо ва нафарони саховатманду хайрхоҳ ба мактаб-интернату хонаҳои маъюбону нафарону барҷомонда кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешаванд. Ин амал аз рӯҳияи баланди ҷашнгирии Соли нав дар ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин мардум дастархони идонаи хешро бо хӯришҳову таомҳои мухталиф ороста, волидон бо додани туҳфаҳои хотирмон ба фарзандон Соли навро ба якдигар табрик мегӯянд.
Инак Соли нави 2017-уми мелодӣ фаро мерасад.
Хуҷаста бодо Соли наву иқболи нав! Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Декабр 31, 2016 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

прокуратураи генерали (4)Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Паёми телевизиони ба муносибати фарорасии мохи РамазонПешвои миллат «Мо бояд фитри рӯзаро на ба шахсони тавонманду доро, балки ба эҳтиёҷмандону ятимон хайр намоем»
дукони саломати сугдДар вилояти Суғд масъалаҳои фавти модару кӯдак ва маъюбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд
Хучанд БаррасииХуҷанд: баррасии натиҷаҳои амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ»
ОзмунҶамъбасти озмуни «Ҷумҳурият»: дар мақоми аввал – ходими адабии АМИТ «Ховар»
Новый рисунокСоҳили дарёи маркази ноҳияи Ванҷро то мавсими обхезӣ мустаҳкам мекунанд
Кум Рушт Махал (1)Дар Кумитаи рушди маҳал масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии онро баррасӣ намуданд
Гузоштани санги асоси Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри ХоруғГузоштани санги асоси Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ
Миграция РТ ТЧАз 1 июн муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочи 1 шабонарўз муқаррар шудааст
Ашт содироти 10 тонна зардолуАшт: 10 тонна зардолуи ватанӣ ба Россия содир карда шуд
Саида УмарзодаДар Душанбе ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муколамаи иҷтимоӣ баргузор шуд
Вохурии Рахимзода боПратибҳа Меҳта: «Рушди ҳар як кишвар аз суботу оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст»