3 декабр-Рўзи байналмилалии маъюбон: Беш аз 3000 нафар маъюб бо роҳхати ройгони табобатию истироҳатӣ ва солимгардонӣ таъмин шуданд

Декабрь 3, 2016 09:33

Душанбе, 03.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 3 декабр дар ҷаҳон  Рўзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн  аз тарафи СММ эълон гаштааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб Рўзи байналмилалии маъюбон ба таври васеъ таҷлил  мешавад.

Мақсад аз эълон доштани ҷашни мазкур, пеш аз ҳама, ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти шахсони маъюб, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо ва ҳамчунин баҳри пайдо намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии маъюбон мебошад.

Сардори  Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки  маъюб шахсеро меноманд, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ дорои фаъолияти маҳдуди ҳаётӣ гардидааст. Ғайр аз ин, чун анъана шахсони дорои имконияти маҳдуд низ ҳамчун шахси маъюб фаҳмида мешаванд, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд.

«Аз сўи дигар, агар инсон маъюб эътироф гардида бошад ҳам, аммо  агар қуввату қобилияти корӣ дошта бошад, ӯ метавонад фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намояд. Дар ин сурат маъюбӣ барои ў мафҳуми шартӣ маҳсуб мешавад. Ҳифзи  ҳуқуқҳои ў баробари инсонҳои солим  кафолат дода мешавад, ки ин принсипи авлавияти ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.

Аз ин рў, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва фароҳам овардани шароити имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа асосҳои қонунӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ пурра муҳайё гардидаанд»,-илова намуд Қ.Қурбонов.

Бино ба гуфтаи мусоҳиб, соли равон дар ҷумҳурӣ «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» таҳия ва қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барнома-  ин тақвият бахшидани низом ва раванди пурра ва қисман барқарорсозии қобилияти маъюбон ба фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ бо мақсади мутобиқсозии иҷтимоии онҳо ва ба даст овардани мустақилияти моддӣ мебошад.

«Дар айни замон, дар кишвар новобаста ба баъзе мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ як низоми мушаххасу комили тадбирҳои кафолатдодашудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардида, амал дорад. Ин барои шахсони имконияташон маҳдуд баҳри бартарафсозӣ ва ҷуброни маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётиашон шароити мусоид муҳайё менамояд ва ба фароҳам овардани имконияти иштироки баробари онҳо бо дигар шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа равона карда шудааст.

Чунончи, дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3000 маъюб бо лавозимоти протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ, аз қабили аробачаҳои маъюбӣ, протезу пойафзоли ортопедӣ, асо ва ғайраҳо таъмин гардиданд. Ҳаҷми маблағҳои равонагардида зиёда аз 2 (ду) миллион сомониро ташкил медиҳад»,-афзуд сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар баробари таъминоти нафақаҳои маъюбӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, хусусан ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ, ҷубронпулӣ барои пўшонидани хароҷоти қувваи барқ ва гази табиӣ ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.

Дар муассисаҳои статсионарии  низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 400 нафар кўдакони маъюб ба нигоҳубини давлатӣ фаро гирифта шуда, дар марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба 300 нафар, дар марказҳои хизматрасонии будубоши рўзона ба 1200 нафар маъюбони синни гуногун хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида мешаванд.

Мутахассиси соҳаи иҷтимоӣ мегӯяд, ки яке аз тадбирҳои муҳими солимгардонӣ ва хизматрасонии маъюбон- ин таъминоти онҳо бо табобати санаторию курортӣ мебошад.  Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 7 муассисаи дахлдор фаъолият намуда, дар давоми 11 моҳи соли сипаришуда қариб 3000 нафар маъюбон бо роҳхатҳои ройгони табобатию истироҳатӣ ва солимгардонӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ҷумҳурӣ мутобиқи барномаҳои давлатӣ ба маъюбон шаклҳои муқарраргардидаи хизматрасониҳои тиббӣ ва таъминоти доруворӣ ба таври ройгон пешниҳод гардида, тамоми маъюбоне, ки дар марказҳои саломатӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷониби табибон бо муоина ва ташхиси тиббию иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд.

Фақат тайи 9 моҳи соли равон зиёда аз 37 ҳазор шаҳрвандони маъюб, аз ҷумла 10154 кўдаки маъюб аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаронида шудаанд.

 

 

Декабрь 3, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид