8 декабр-Рӯзи байналмилалии рассомон. Намояндагони аҳли санъат қосиди сулҳу дӯстӣ маҳсуб мешаванд

Декабр 8, 2016 14:30

Хабарҳои мавзӯъ

30909688565_0737fc9e19_z

ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Рӯзи байналмилалии рассомон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 2007 аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии «Санъати халқҳои ҷаҳон» таъсис ёфт. Бояд гуфт, ки Рӯзи рассомонро ҳар давлат дар рӯзҳои гуногун таҷлил мекунад. Масалан, дар Украина ин рӯзро моҳи октябр, дар вилояти Курск моҳи август, дар Липетск дар моҳи октябр таҷлил мекунанд.
Касби рассомӣ ҳазор сол пеш вуҷуд дошт. Ҳанӯз одамони қадим дар рӯи санг нақшу нигорҳои қадимиро таҷассум менамуданд.
Дар Тоҷикистон беш аз 300 рассом узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд.
«Рассомони тоҷик имрӯз дар жанрҳои гуногун санъати рассомиро инъикос менамоянд. Маҳсули дастони онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ талабгорони зиёд доранд»,-иброз дошт муовини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Аз рассомони солҳои 70-ум мусоҳиб Сабзалӣ Муродзода, Ян Мамадқулов, Сайф Шералиев ва хусусан Меҳрӣ Носирова- ходими хизматнишондодаи ҷумҳуриро зикр намуд. Аз рассомони муосир Манзура Улҷабоева номи Фаррух Хоҷаев, Акмал Миршакар, Мизроб Холов ва Ғафурҷон Ҷураевро ба забон овард.
«Имсол дар ҷумҳурӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ намоишҳои зиёди рассомон баргузор гардиданд. Рассомони тоҷик имкон доштанд, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон асарҳои худро ба тамошо гузоранд. Як чизро бояд гӯям, ки дар Тоҷикистон занҳои рассом он қадар фаъол нестанд. Як сабаби ин ҳолат он аст, ки занҳо бештар худро ба оила ва тарбияи фарзанд мебахшанд. Аз ин рӯ наметавонанд касби дӯстдоштаашонро амалӣ созанд. Касби рассомӣ вақту заҳмати зиёд металабад. Инро ба инобат гирифта, мо ҳар сол намоиши расмҳоро таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик» баргузор менамоем. Дар он занони рассом имкон доранд асарҳояшонро ба маъраз гузоранд. Дар ин намоишҳо бештар омӯзгорони донишкадаву коллеҷҳои рассомӣ ширкат меварзанд»,- гуфт Манзура Улҷабоева.
Ба андешаи Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзода мухлисони асарҳои тасвирӣ нисбат ба солҳои пешин камтар шудааст. «Ҳарчанд солҳои охир мухлисони ин санъати воло кам шуда бошанд ҳам, аммо онҳо аз нигоҳи касбӣ имрӯз ба асарҳои рассомон баҳо медиҳанд. Бигзор тамошобин кам бошад, вале бо нигоҳи касбӣ ба кори мо, рассомон баҳо диҳад»,-илова намуд рассом.

 

Сабзалӣ Муродзода афзуд, ки солҳои охир масъалаи эҷод коста шуда истодааст. «Имрӯз санъати тасвирӣ дар ҷаҳон шаклу равияҳои муосир пайдо кардааст ва рассомони ҷавон онҳоро бояд омӯзанд. Дар ҳар давру замон равияи нав пайдо мешавад ва мо набояд аз он ақиб монем. Зеро мо давлати соҳибихтиёру дунявӣ ҳастем. Имрӯз ҷавонон имкон доранд асарҳои зиёд эҷод кунанд, Тоҷикистони нав, зиндагии нав, мардуми бедор, беҳбудиҳои соҳаи сохтмон, роҳу нақбҳоро дар асарҳояшон таҷассум созанд. Бо ба даст овардани истиқлолият эҷодкорон имкон пайдо карданд, то дар ҳама мавзӯъ асар эҷод кунанд»,-илова намуд рассоми халқӣ.
Хотиррасон мекунем, ки 11 ноябри соли равон дар Душанбе Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» сурат гирифт. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни намоиш оид ба мақоми санъати тасвирӣ, рушди он ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанг сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг будан, инчунин қосиди сулҳу дӯстӣ низ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд.

Декабр 8, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

тф -1Фарҳанг ҳастии миллат аст. Аз солрӯзи ҳунарманди мумтози тоҷик Туҳфа Фозилова сад сол сипарӣ гардид
????????????????????????????????????Нашри китоби нав ба ифтихори 100-солагии нобиғаи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова
Фехристи номхоБа Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ беҳтарин номҳо ворид шудаанд
Конфронси Тухфа Фозилова (8)Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 100-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Туҳфа Фозилова
Парасту 2017Фестивал-озмуни «Парасту-2017» ба 100-солагии Тӯҳфа Фозилова бахшида мешавад
17952024_1953005378254076_5078309082709608086_nДар шаҳри Берлин шоми фарҳанги тоҷик доир гардид
v farhangШамсиддин Орумбекзода: «Дари Тоҷикистон барои муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ҳамеша боз аст»
Дар Париж бахшида ба 20-солагии Вахдати милли намоишгохи тасвирхо баргузор гардидДар Париж бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ намоиши тасвирҳо баргузор гардид
мучассамаи абармардони миллати точикДар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи донишмандони бузурги тоҷик гузошта шуд
DSC_0232+Маҳфили адабӣ ва рӯнамоии китобҳои нави Абдураҳмони Абдуманнон дар Хонаи адибон
Волос АндрейТоҷикистон ба харитаи адабии ҷаҳон шомил шуд
Китоби «Варзиш - соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» аз чоп баромадКитоби «Варзиш-соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид