Қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад

Декабрь 26, 2016 14:14

ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Маълум аст, ки истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад. Махсусан дар ҷаҳони имрӯза новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад. Яке аз сатҳҳои олие, ки дар замони муосир чунин ҳамкориро ба роҳ меандозад, ин СММ ба шумор меравад. Дар доираи фаъолияти густурдаи он бо ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ифтихори ҳар як сокини ин диёри куҳанбунёди мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра намудор сохтанд.
Боиси фараҳмандист, ки имсол низ ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 қабул намуд. Ба ҷонибдории он 193 давлати аъзои ин созмон раъй доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.
Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон бо маҳорати хеле қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мисоли инро мо метавонем дар татбиқи барномаҳои зикрёфта мушоҳида намоем, ки аз татбиқи онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик метавонанд манфиатдор бошанд. Бинобар ин дар Қатъномаи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 махсусан баён шудааст: «Татбиқи барномаҳои зикршуда ва имсола бо «таъкиди он ки, манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан заруранд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд».
Зарурати қабули Катъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро СММ ба он нигарониҳои умумибашарие асоснок менамояд, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд. Аз ҷумла, дар Қатънома зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад».
Дар баробари ин «хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд».
Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро СММ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул намуд. Дар он барои дар амал татбиқ гаштани ҳадафҳои худ таҳия ва андешидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ пешбинӣ шудааст. Дар татбиқи онҳо сокинони диёри мо бояд аз худ ташаббусҳои назаррас анҷом диҳанд. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки: «расидан ба ин ҳадафҳо бояд аз ҳисоби мукаммалгардонии истеҳсолот ва паҳн кардани дониш, осон намудани дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави марбут ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои обӣ, амалисозии фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ташкили шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаъолияти субъектҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор вобаста ба захираҳои обӣ, бо назардошти ташаббусҳои мавҷуда, инчунин таҳкими фаолияти коммуникатсионӣ дар сатҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ таъмин гарданд».
Ҳамин тариқ, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки СММ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул намудааст, ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал тадбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Раёсати Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2016 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид