Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир шуд

Декабрь 24, 2016 13:06, 241 хонанда

abdudzhabbor-rahmonzodaДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлати ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир ба қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир гардид.

Дар ҷаласа рафти татбиқи ҳадафи Даҳсолаи нав, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, таҳлилу баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа аз ҷумла қайд шуд, ки дар тамоми сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар оид ба мавзӯи мазкур мизҳои мудаввар ташкил карда шуда, натиҷаи онҳо дар ВАО-и кишварҳои мустақар бо забонҳои гуногун нашр карда шаванд.

Инчунин, таъкид гардид, ки вазорату идораҳои дахлдор, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқикоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муассисаҳои олӣ баҳри таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон, ба ВАО-и давлатӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони варзида доир ба мавзӯи мазкур рубрикаҳои нав ифтитоҳ намуда, мунтазам бо барномаҳои марбута, мақолаву мусоҳибаҳо ҳадафҳои Даҳсолаи навро инъикос намоянд.

Ба иттифоқҳои нависандагон, композиторон ва рассомон тавсия дода шуд, ки бо шеъру достонҳо, суруду мусиқӣ ва аксҳои ҷолиб масъалаҳои марбут ба обро тарғибу ташвиқ намуда, дар арсаи байналмилалӣ ибтикороти Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.

Декабрь 24, 2016 13:06, 241 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Обзор«Зиёӣ ва масъулиятпазирии миллӣ», «Истифодаи технологияҳои нав — талаби замон ё чаро аз истифода бурдани воситаҳои техникӣ дурӣ меҷӯем?» — шарҳи матбуот
«Артиши миллӣ – зодаи Истиқлолияти давлатӣ» намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон«Артиши миллӣ — зодаи Истиқлолияти давлатӣ»- намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Раъно Бобоҷониён «Дар ҷаҳон ҷавонон ба ҳайси нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд»Раъно Бобоҷониён: «Дар ҷаҳон ҷавонон ба ҳайси неруи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд»
АРТИШ07«Давлат бе артиш ва артиш бе давлат буда наметавонанд»-ҳамоиш дар Муъминобод
Артиш-Хадамоти мухочирҚувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби мардонагӣ мебошанд
Донишкадаи давлатии забонҳои ТоҷикистонҲимояи Ватан, марзу бум ва таъриху фарҳанги миллӣ вазифаи ҷавонони шуҷоъ аст
ПентагонПентагон таҳияи тавсияҳо барои тезонидани амалиёт бар зидди «Давлати исломӣ»-ро ба охир расонд
Деваштич_ман писари ватанам«Ман писари Ватанам!» — озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Деваштич
04Ташрифи ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ба Тоҷикистон
Барои рафъи мушикилиҳо Рамазон Раҳимзода аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дидан намуд
КМИРДар Тоҷикистон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад
HavoИмрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои камабри бебориш дар назар аст