Аз Паём то Паём: Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Декабрь 19, 2016 11:02

ДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 (300 мегаватт) ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Ин нукта 20 январи соли равон дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд.
8 декабри соли равон Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хишти аввали сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегаватт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.
Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад.
Таъкид гардид, ки татбиқи он барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳиму назаррас мебошад.
Ҳамин тавр баробари ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 бо иқтидори 300 мегаватт, иқтидори умумии он якҷоя бо навбати аввал ҳамагӣ 400 мегаваттро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, барои таъмини боэътимоди неруи барқ ва гармӣ дар шаҳри Душанбе равона гардида, дар оянда иқтидори саноатии шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатию аграрии ноҳияҳои тобеи марказро баланд мебардорад.
Баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Декабрь 19, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд