Боздиди Пешвои миллат аз шаҳри Кандии Ҷумҳурии Демократи Сотсиалистии Шри-Ланка

Декабрь 15, 2016 14:43

ДУШАНБЕ, 15.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ба шаҳри Канди, ки дар қисмати марказии ин давлат ҷойгир мебошад, ташриф оварда, аз Ибодатхонаи Дандони Буддо, Осорхонаи байналмилалии буддоӣ ва Боғи ботаникии Парадения дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ибодатхонаи Дандони Буддо омада, бо намунаи ёдгориҳои таърихии Осорхонаи байналмилалии буддоӣ шинос шуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки Ибодатхонаи Дандони Буддо дар соҳили кӯл, дар наздикии Қасри Шоҳ қомат афрохта, барои намояндагони аҳли буддои сайёра макони дорои аҳамияти муҳим маҳсуб мегардад ва дар ин ҷой муқаддасоти Дандони Буддо нигоҳ дошта мешавад. Ибодатхонаи Дандони Буддо соли 1988 ба рӯйхати Мероси байналмилалии таърихии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Осорхонаи байналмилалии буддоӣ низ як ҷузъи Маҷмааи таърихии Ибодатхонаи Дандони Буддо буда, дар он намунаи ҳайкалу муҷассамаҳои буддҳо ва лоиҳаи ибодатхонаҳои буддоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба маъраз гузошта шудааст.

Баъди боздид аз мавзеъҳои таърихии Ибодатхонаи Дандони Буддо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи подшоҳии ботаникӣ, воқеъ дар шаҳраки Парадения ташриф оварда, бо тарзи парвариш ва нигоҳубини ниҳолу дарахтони маҳаллӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш шинос шуданд. Боғи подшоҳии ботаникии Парадения дар масоҳати 60 гектар доман паҳн карда, дар он намунаи зиёда аз 4 ҳазор гулу гиёҳ, растаниҳои шифобахш ва дарахтони нахл парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.

Худи шаҳраки Парадения аз ҷумлаи мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола зиёда аз 2 миллион нафар ба тамошои ин шаҳрак меоянд.

Дар анҷоми боздиди худ аз Боғи подшоҳии ботаникӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстии бардавоми мардуми Тоҷикистону Шри-Ланка дар ин боғ як ниҳоли гули ҳамешасабз шинониданд.

Декабрь 15, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт