Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

Декабрь 28, 2016 16:03

ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршуда аҳамияти калони рушди муносибатҳои дуҷонибаро баръало нишон доданд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамеша бо талошҳои зиёд баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои таърихии дӯстонае, ки бар дастгирии мутақобилаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумаки бародарона асос ёфтаанд, фарқ мекунанд.
Ҳар ду ҷониб оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории пурсамар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти минтақавӣ ва рушди муколамаҳои фарҳангии байни миллатҳо нақшаҳои бузург доранд.
Ҷаласаи Комиссия дар фазои созанда, рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд. Дар чаҳорҷӯбаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин хусусиятҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба афзоиши гардиши тиҷорату иқтисод муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омада, самтҳои марбут ба ҳалли ин ва дигар масъалаҳоро муайян намуданд.

Декабрь 28, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд