Дар Душанбе давраи бозомӯзӣ барои варзишгарону мураббиён аз намуди шиноварӣ оғоз шуд

Декабрь 2, 2016 15:37

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзӣ барои варзишгарону мураббиён аз намуди шиноварӣ тибқи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ шурӯъ шуд, ки то рӯзи 7 декабр идома мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
«Давраи бозомӯзӣ барои варзишгарону мураббиён аз намуди шиновариро Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шиноварии Тоҷикистон баргузор кардааст. Дар машғулиятҳо варзишгарону мураббиёни ин соҳаи олимпии варзиш аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд. Ба машғулиятҳои назариявию амалӣ коршиноси байналмилалӣ Геннадий Климчук аз Украина раҳбарӣ мекунад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ба иттилои корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Вазирбек Назиров, «ҳадафи давраи бозомӯзӣ баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мураббиёни тоҷик мебошад».
«Машғулиятҳои назариявӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии ҶТ ва машғулиятҳои амалӣ дар ҳавзи шиноварии маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд»,-хабар дод манбаъ.

Декабрь 2, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд