Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат офтобӣ мешаванд

Декабрь 2, 2016 10:00

Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 16 то 18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 19 то 24 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 3 то 8 дараҷа хунук мешавад.

Декабрь 2, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд