Дар Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи туризм таъсис дода шуда, ширкатҳои туристӣ аз имтиёзҳо бархурдор мегарданд

Декабрь 22, 2016 16:15

ДУШАНБЕ, 22.12.2016/АМИТ «Ховар»/. «Шурӯъ аз соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуда, воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрукӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд». Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ ба Парлумони Тоҷикистон 22 декабр изҳор доштанд. Таъкид гардид, ки ҳадафи ин тадбир рушди бахши туризм ва инфрасохтори соҳа мебошад.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи он заминаҳои зарурӣ фароҳам меорад. Зикр шуд, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони беш аз 80 кишвари ҷаҳон низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст, ки теъдоди сайёҳон дар се соли охир афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон роҷеъ ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар дахл намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Декабрь 22, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид