Дастгирӣ аз иқдоми «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар ноҳияи Деваштич

Декабрь 31, 2016 12:46, 215 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

devashtich-aksiya-300x245ХУҶАНД, 31.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади дастгирӣ аз  эълон гардидани  Соли 2017 соли ҷавонон, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод, бо иштироки ҷавонони фаъол дар ноҳияи Деваштич роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Тавре аз бахши  ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар роҳпаймоӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Муовини  аввали Раиси ноҳияи Деваштич Абдумалик  Ҳодиев зикр намуд, ки эълони  Соли ҷавонон ба ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза ва неру мебахшад.

«Умед дорем, ки ҷавонони ноҳия дар қатори ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар корҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёдкории мамлакат фаъолона ширкат варзида, дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд»,- гуфт Абдумалик  Ҳодиев.

Дар ҷамъомад як гурӯҳ ҷавонони фаъол  баён доштанд, ки дар оянда донишу малакаи худро сайкал медиҳанд ва ҳамчун  қувваи пешбарандаи ҷомеа баҳри шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд.

 

 

Декабрь 31, 2016 12:46, 215 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашандИмрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд
121Рамазон Раҳимзода бо Дэвид Рубино самтҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ карданд
????????????????????????????????????Хатлон: вохӯриҳои судманд оид ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон
Новый рисунокВохӯрӣ бо занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ оид ба баробарҳуқуқӣ
Обзор«Фарзандони азиз, вазифаи шумо илму дониш омӯхтан аст», «Фарҳанги сарварӣ ва таъсири он ба кор» — шарҳи матбуот
Дарёфт ва мусодираи симобДарёфт ва мусодираи беш аз 2 кило симоб
Хоруг. 64 килограмм маводи нашъадор ба оташ кашида шуд (1)Боз 64 килограмм маводи нашъадор ба оташ кашида шуд
Боздиди Рамазон РахимзодаБоздиди Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятӣ
iktisodКоршиносон ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодиро баррасӣ менамоянд
1«Чархболҳои Россия» дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон харидор мекобанд
boronАз 30 март то 1 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст
Чаббор Расуло мулоко бо чавононТаъмини иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ