Дастгирӣ аз ташаббуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон оид ба «Дипломатия дар соҳаи об»

Декабрь 30, 2016 11:53

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳ хабар доданд, дар кори он кормандони филиал ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаи инкишофи устувори низомҳои вобаста ба об дар шароити иқлими хушк, ташаббуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон оид ба «Дипломатия дар соҳаи об» ва мушкилоти оби тоза баррасӣ шуданд.
Дар кори конфронс ғайр аз устодону олимон, инчунин донишҷӯён низ маърӯза карданд.
Аз ҷумла, донишҷӯи курси якуми ихтисоси «геология» Асадулло Хаитов дар бораи ҷонноккунии корҳо барои ҳалли масъалаи об маърӯза ва пешниҳодҳои муфид намуд.

Декабрь 30, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд