Фаъолияти ТҚХ «Гендер ва тараққиёт» ва ТҚХ «Танаис» қатъ гардид

Декабрь 29, 2016 18:56

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва аризаҳои барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ «Гендер ва тараққиёт» ва ҶДММ ТҚХ «Танаис»  28 декабри соли равон, бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурда қатъ карда шуд.

Тавре ки аз БМТ хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 25 июли соли 2005 ва 4 январи соли 2006 барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудаанд, бозхонд гардиданд.

Мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Гендер ва тараққиёт» ва ҶДММ ТҚХ «Танаис» уҳдадор карда шудаанд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзии номбурда комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.

Ҳамчунин комиссияҳои барҳамдиҳӣ вазифадор карда шудаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд.

Декабрь 29, 2016 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд