Футбол: дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат бар КМВА «Помир» ғалаба кард

Декабрь 30, 2016 14:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат оид ба футбол, ки барои ширкат дар бозии байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин  тайёрӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ бо КМВА «Помир» бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард.  Ягона тӯбро Далер Ёдгоров дар дақиқаи 41-ум ба нишон расонд.
Ин вохӯрии дуюми санҷишии дастаҳо дар поёни соли равон аст. Бозии пешина бо ҳисоби 1:1 мусовӣ ҷамъбаст шуда буд.
Ба ҳамин тартиб, дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи кишварамон марҳалаи аввали тайёриро ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт  Петербург мегузарад, ба анҷом расонд. Идомаи омодагиҳо аз 2 январ шурӯъ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи Валентин Гранаткин 16 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Юнон (8 январ), Булғория (10 январ) ва Эстония (12 январ) бозӣ мекунад.

Декабрь 30, 2016 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад