Ифротгароён занеро дар Афғонистон ба қатл расонданд

Декабрь 29, 2016 09:43, 208 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

afgan

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» занеро барои бидуни ҳамроҳии шавҳараш ба бозор рафтан ба қатл расондаанд. Дар ин бора нашрияи «Independent» бо ишора ба мақомоти Афғонистон хабар дод.
Бино ба хабари нашрия, ин ҳодиса дар шаҳри Латии музофоти Сари Пул дар шимоли Афғонистон рух додааст. Ин маҳалли аҳолинишин зери назорати воқеии толибон аст, ки онҳо нисбат ба занон сиёсати қатъӣ тарғиб менамоянд.
Нашрия зикр менамояд, ки ин зани 30-сола ба бозор бе шавҳараш омадааст, чунки ӯ дар Эрон буд. Толибон ин занро пай бурданд ва ӯро дар «амали хиёнат» айбдор намуда, пас аз он сари ӯро аз тан ҷудо карданд.
Ҳаракати «Толибон» нисбат ба занон, ки ба онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баланд сухан гуфтан ва дар ВАО пайдо шудан манъ аст, сиёсати қатъии худро тарғиб менамояд.

Декабрь 29, 2016 09:43, 208 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ХавопаймоПентагон дар бораи маҳв гардидани яке аз роҳбарони «Ал-Қоида» дар Сурия хабар дод
Pervaya-operatsiyaҚувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Россия ва Туркия бар зидди ДИ нахустин амалиёти муштарак гузарониданд
Kitaj-6Си Ҷинпин низоми нави муносибот бо ИМА ва шарикӣ бо Русияро эълон кард
BlagoveshhenskДар фурудгоҳи Благовешенск ҳавопаймои ширкати «ВИМ-Авиа» оҷилан фуруд омад
AntonioАнтонио Таяни роҳбари нави Парлумони Аврупо интихоб шуд
СукутДар натиҷаи суқути тайёра дар Бишкек беш аз 30 нафар ҳалок гардиданд
WifiБа қатораҳои Русия интернети бесим насб мегардад
КерриКерри ҳамчун котиби давлатии ИМА охирин сафари хориҷиашро анҷом медиҳад
lavrov-i-chavushogluСергей Лавров ва Мавлут Човушоғлу муҳимияти риояи низоми оташбасро дар Сурия таъкид намуданд
kabulТеъдоди қурбониёни ду ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба 38 нафар расид
kitaj-1Дар як зумра минтақаҳои Чин бори аввал дараҷаи сурхи бонги хатар ҷорӣ карда шуд
turtsiyaКушандаи сафири Россия дар Туркия ду моҳ маълумот ҷамъоварӣ кардааст