Ҳифзи иҷтимоии маъюбон: дастовардҳо ва дурнамои соҳа

Декабрь 2, 2016 09:36

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои хизматрасонии иҷтимоии маъюбон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд дар баробари масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд.
Тавре ки Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур аҳамияти хоса дода мешавад. Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони куҳансол тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ва «Дар бораи ветеранҳо» амалӣ карда мешаванд.
«Мутобиқи омори расмии кишвар ба ҳолати 1 октябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ қариб 145 ҳазор шахсони дорои маъюбият ба қайд гирифта шудаанд, ки 25 ҳазору 106 нафари онро кўдакони маъюб ташкил медиҳанд (дар маҷмўъ қариб 2% аҳолии кишвар маъюбон мебошанд). Аз шумораи умумии маъюбони синашон аз 18 сола боло маъюбони гурўҳи I- 39 ҳазору 228 нафар; маъюбони гурўҳи II- 69 ҳазору 610 нафар ва гурўҳи  III- 36 ҳазору 111 нафар мебошанд»,-илова намуд мусоҳиб.
Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунгузории соҳавӣ як қатор муассисаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ амал мекунанд, ки муассисаҳои будубоши доимӣ, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва шўъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз қабили онҳо мебошанд.
«Дар баробари ин, дар низоми иҷтимоии кишвар як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон амал мекунанд, ки дар маҷмўъ аксарияти маъюбон аъзои ин ташкилот буда, пайваста ба онҳо кумакҳои гуногуни иҷтимоию машваратӣ дода мешаванд»,-гуфт Қ. Қурбонов.
Тибқи қонунгузории амалкунанда ба маъюбон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, аз қабили имтиёзҳо барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, имтиёзҳо барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва кафолатҳои муайян дар муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини шуғли муносиб муқаррар гардидаанд.
«Дар айни замон ҳазорҳо нафар маъюбони то синни 18-сола ба таҳсилоти умумӣ, касбии миёна ва олӣ фаро гирифта шуда, аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ва касбомўзии онҳо имтиёзҳо муқаррар гардидаанд. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ як литсей  интернати махсус барои маъюбон амал мекунад, ки дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони маъюб аз рўи ихтисосҳои муҳосибот ва таълими барномаҳои компютерӣ, дўзандагӣ ва устои радиомеханикӣ ба касбомўзӣ фаро гирифта шудаанд»-афзуд сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ.
Давлати Тоҷикистон забони имову ишораро ба маъюбон ҳамчун воситаи муоширати байни шахсон эътироф намуда, баҳри ривоҷу равнақ ёфтани адабиёти брайлӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Чунончи, дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон матбааи махсуси ҳуруфоти брайлӣ амал карда, маъмурияти он бо компютерҳои махсусгардонидашуда муҷаҳҳазанд.  Аз ҷониби Иттиҳодияи миллии ношунавоёни ҷумҳурӣ бошад бо дастгирии мақоми ваколатдори давлатӣ адабиёти имову ишора нашр гардида, дастраси мактаб  интернатҳои кўдакони маъюб гардонида шудаанд.
Дар аксар мавридҳо барномаҳои телевизионӣ бо тарҷумаи сурдологӣ ва субтитрҳо таъмин гардида, баҳри тарбияи мутаххасисони соҳавӣ дар Донишгоҳи давлатии омўзгории кишвар гурўҳҳои дахлдор ташкил карда шудаанд.
«Ногуфта намонад, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун Рўзи миллии пиронсолон ва маъюбон қайд карда мешаванд. Сарвари давлат намегузоранд, ки маъюбон, пиронсолон ва кўдакони ятиму бесаробонмонда хору зор монанд. Баҳри таъминоти шароити арзандаи онҳо ва дастгирии иҷтимоию моддии табақаҳои осебпазири аҳолӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд»,- баён дошт Қудратулло Қурбонов.
Баҳри боз ҳам тақвият бахшидани тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» ва чандин барномаҳои дигари соҳавӣ амал мекунанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»-ро ба имзо расонида, дар оянда оид ба таъминоти меъёрҳои байналмилалии иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии маъюбон тамоми чораҳои  заруриро андешида истодааст.

Декабрь 2, 2016 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст