Иштироки Пешвои миллат дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Декабрь 26, 2016 19:34

 

ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва ба наздикону пайвандони нафарони бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ дар фазои Баҳри Сиёҳ ҳалокшуда ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ изҳор доштанд.
Иштирокчиёни мулоқот масоили мубрами марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзои созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дурнамои ҳамкории дастаҷамъона дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмонро ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб сохта, таъкид бар он доштанд, ки ҳолати мавҷуда аз давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироию муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз роҳбарони давлатҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи муҳимияти ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун тадбири муҳим дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои аъзои ин созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.

Декабрь 26, 2016 19:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024