Истиқболи Соли ҷавонон бо баргузории амалиёти ниҳолшинонӣ

Декабрь 29, 2016 18:45

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохтор амалиёти ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» баргузор гардид.

Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

«Амалиёти ниҳолшинонӣ дар доираи тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар кишвар сурат гирифт»,- иттилоъ дод манбаъ.

Боиси тазаккур аст, ки масъулини дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» бо ҷалби доираи васеи наврасону ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар амалиёти мазкурро доир намуда, дар сарсабзу хуррам гардонидани Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Декабрь 29, 2016 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд