«Маҳфили гарм дар рӯзи сард», «Достони ҷавонмардӣ» ва «Сухандони заршинос» — шарҳи матбуот

Декабрь 1, 2016 16:03

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (28.11.2016,№234) гузориши муфассалро аз иштироки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити оби Будапешт чоп карда, матни суханронии Сарвари давлатро дар Саммити мазкур пешкаши хонандагон кардааст. Мавриди зикр аст, ки 27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Маҷористон сафар кард. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар сатҳи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шудаанд ва изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда, бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли СММ солҳои гуногунро Соли байналмилалии оби ошомиданӣ, Даҳсолаи байналмилалии амалҳои «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст. Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» мақолаҳои «Писта. Парвариши он таваҷҷуҳи бештар мехоҳад», «Ҷой дар дида», «Кандакорӣ. Мерос аз ниёгон аст», «Чоҳкан зери чоҳ» ва дигар хабарҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар чоп шудаанд.

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (30.11.2016,№235) гузоришҳо аз мулоқоти Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон Янош Адер ва баргузории ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба об, инчунин матни суханронии Пешвои миллат дар ҷаласаи мазкур дарҷ гардидаанд. Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Янош Адер ҷонибҳо доир ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла бо роҳи иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди зерсохтори энергетикии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда, дар ин самт таъсиси сохтори муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Маҷористонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба об таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» мебошад, ки лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмааи кулли СММ қарор дорад.

Мақолаи «Маҳрум аз озодӣ» дар бораи бо ҳукми Суди вилояти Хатлон бо ҷурми фаъолияти ифротгароӣ ва иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шудани ҳашт нафар сокинони аз 21 то 46 солаи навоҳии вилоят нақл мекунад. Ҳамчунин мақолаҳои «Синфҳои компютерӣ. Низоми таълим набояд халалдор шавад», «Сирояти музмин. Онро чӣ тавр метавон рафъ кард?», «Бо ин бетарафие, ки дорем…», «Оби сарҳуйи корез. Кӣ масъулиятро ба уҳда мегирад» дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудаанд.

Муҳтавои шумораи имрӯз чопшудаи нашрияи парлумонии «Садои мардум» (01.12.2016,№147) аз инъикоси сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, ширкати ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва дигар мақолаҳои рӯзмарра иборат ёфтааст. Аз ҷумла, мақолаи «Фарҳанги ҳуқуқӣ аз нигоҳи вакили Маҷлиси намояндагон», ки ба қалами Абдумаҷид Муродов тааллуқ дорад, аз мундариҷа ва моҳияти рисолаи илмии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода, ки таҳти унвони «Фарҳанги ҳуқуқӣ» чоп шудааст, нақл мекунад. «Фарҳанг нишонаи ҷудоинопазири  фаъолияти башарӣ аст. Ҳуқуқ ва фарҳанг ба ҳам пайванди мустаҳкам доранд. Фарҳанг ҳамчун низоми арзишҳои маънавӣ фарогири ҳуқуқ, андешаҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Муҳити маданӣ асари хешро бар ҳуқуқ мегузорад», — омадааст дар мақола. Муаллифи мақолаи «Гӯри Восеъ дар куҷост?» Шариф Атобуллоев навиштааст: «Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ соли 1888 аз андозҳои гарон ва зулму ҷабри амирони манғитӣ ба танг омада, шӯриш бардошт. Амири Бухоро шӯришро пахш кард ва Восеъро дар Шаҳрисабз, ки имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ба қатл расонд. Ба хотири арҷгузорӣ ба қаҳрамонии ӯ ноҳияеро низ дар вилояти Хатлон ба номаш гузоштанд. Мутаассифона, бо гузашти наздики 130 сол то имрӯз қабри ин абармарди миллати тоҷик номаълум буда, касе пайи муайян кардани он кӯшиш накардааст». Муаллиф пешниҳод кардааст, ки гӯри Восеъ пайдо, ҷанозаи ӯ аз сари нав хонда ва бо шукуҳи хоса ба хок супорида шавад.

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон мақолаи «Достони ҷавонмардӣ» (баъзе андешаҳо оид ба манзумаи Ниҳонӣ «Дар ситоиши Пешвои миллат»)-ро чоп кардааст. Муаллиф С.Ятимов навиштааст: «Дастоварде, ки аз ҳама бештар таваҷҷуҳи шоирро ҷалб намудааст, муносибати Қаҳрамони ӯ ба тақдири таърихии миллати тоҷик мебошад. Таҳлили сарнавишти басо мураккаб ва фоҷеабори Тоҷикистон муаллифро муътақид сохтааст, ки яке аз сабабҳои аслии парешонии онро омили хориҷӣ шуморад. Ва раҳоӣ бахшидани давлатро аз мақсади нопоки аҷнабиён хизмати ҷонфидоёнаи Роҳбари Муаззами Миллат медонад:

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ аммо,

Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ».

Шеърҳои нави шоир Камол Насрулло «Ишқро бояд садо кард», «Дар ҳама полезҳо», «Тарс» ва ҳикояи Убайдуллои Мурод «Ташнаи дидор» дар саҳифаҳои назму насри нашрия чоп шудаанд. Мақолаҳои «Сайри Камол дар Русия», «Сухандони заршинос», «Маҳфили гарм дар рӯзи сард», идомаи дарси маҳорати Рустам Ваҳҳобзода бо номи «Шеър ва дониш» аз ҷониби мухлисони аҳли адабу ҳунар ва санъати кишвар хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз баргузор шудани мусобиқаи футбол дар мавсими оянда хабар чоп карда, навиштааст, ки «Чемпионати 26-уми мамлакат бо иштироки 8 даста дар се марҳала баргузор мешавад. Он рӯзи аввали фасли баҳор оғоз ва то 22 октябр идома меёбад». Ҳамчунин нашрия аз баргузор шудани «Аввалин мусобиқаи гӯштини тоҷикӣ дар Маскав» хабар додаст: «Мусобиқа бо ибтикори ду ташкилоти ҷамъиятӣ «Нур» ва «Помир», бо ширкати 140 паҳлавон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, дар 9 вазн баргузор гардид».

«Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ мақолаи «Мулло ва худшиносии миллӣ»-ро нашр кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Масъала сари он аст, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ идеология ва идеяи умумӣ умуман дар байни тоҷикон вуҷуд надошт. Он идеяҳое, ки пеш гузошта мешуданд, ё ҷанбаҳои хоми маҳалгароӣ доштанд ва ё ҳанӯз шакл нагирифта буданд». Муаллифи мақола аз он изҳори ташвиш кардааст, ки «Гурӯҳи ҷавонони ноогоҳи миллат идеяи тарғибгарон ва душманони миллати тоҷик – инкори миллат ва танҳо мусулмон буданро тарғиб мекунанд» ва чандин таклифҳои судмандро пешниҳод кардааст.

Ҳамчунин нашрия памфлет бо сарлавҳаи «Шабакаҳои барқ «Сиклони Сибир»-ро интизор набуданд»-ро чоп кардааст, ки ҳолатҳои бе огоҳӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони пойтахтро дар рӯзҳои сарди тирамоҳ мавриди танқиду мазаммат қарор додааст.

Декабрь 1, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд