Маҳкам Маҳмудзода: «Иқдоми навбатии Пешвои миллат ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра равона гардидааст»

Декабрь 28, 2016 14:43

ДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин соли таърихӣ иқдоми навбатии наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд, ки он ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нӯшокӣ равона гардидааст.  Ин матлабро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода зимни ҳамоиш бо мақсади фаҳмондадиҳии аҳамияти таърихии Қатъномаи Маҷмааи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, иброз намуд.
Маҳкам Маҳмудзода ҳамчунин зикр кард, ки ин омил боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Замни ҳамоиш иштирокдорон изҳор намуданд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкили-ҳои вобаста ба об ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, диққати аҳли башар ба ин масъалаи ҷаҳонии сайёра ҷалб гардид.
Бо ташаббусҳои созандаии Сарвари  давлат тибқи қатъномаҳои СММ солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардида, дар ҳамин радиф ҷиҳати бартараф кардани мушкилиҳои мавҷуда дар ин самт тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
dsc_0718Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар аз 22 декабри соли равон аз ҷониби ҳуқуқшиносон маърӯзаҳо шунида шуда, зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқии сол, муқарраркунандаи афзалият ва самту шартҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб шуда, дар асоси он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию идеологӣ бо суръат амалӣ карда мешаванд.
Ин ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамъбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян мекунад.
Дар Паём масъалаҳои мухталифи рӯзмарраи ҷомеа матраҳ гардида, бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар давраи миёнамуҳлат ва ояндаи наздик вазифагузорӣ карда шуд.
Чунончи аз ҷониби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода зикр гардид, ки бинобар ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ аҳамияти таърихӣ доштани Конститутсия дар ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад.
Ба масъалаи ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ дар мамлакат дар Паём таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ Президенти кишвар таҳияи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ба мақсад мувофиқ донистанд.
Дар кори ҳамоиш иштирокдорони он изҳор доштанд,  ки амалишавии ҳадафҳои Паёми Президенти кишвар барои татбиқи ҳадафҳои конститут-сионии давлат, ки дар сатҳи Конститутсияи кишвар инъикос гардидаанд, мусоидат мекунад.
Мақсади ҳадафҳо, пеш аз ҳама, таҳкими заминаҳои ҷомеаи адолатпарвар, пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, ҳамчунин тақвияти манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва якпорчагию ваҳдати миллӣ мебошад.

Мавҷуда АНВАРӢ

Декабрь 28, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт