Мирзо Исмоилзода: Паёмро бояд пурра омўхт ва дар ҳаёт татбиқ кард

Декабрь 27, 2016 11:37

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали таҳкими фаъолияти ҳар соҳаи хоҷагии халқи кишвар ва асоси дилгармии ҳар шаҳрванди соҳибандеша бобати танзими зиндагӣ ва фаъолияти масъулиятноки ў дар ҷомеа мегардад. Соҳаи энергетика низ дар давраи  аз Паём то Паём як зинаи фаъолиятро сипарӣ намуда, ба  марҳилаи нави татбиқи нақшаву лоиҳаҳо ворид мегардад.

Мирзо Исмоилзода,   Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  «Барқи тоҷик» пас аз пешниҳоди  Паёми навбатии Пешвои миллат андеша ва бардоштҳояшро  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:

Дар Паёми гузашта таъкид шуда буд: «Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем… »

Ин нақша амалӣ гардид. Рўзи 8 декабри соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат навбати дуюми МБГ «Душанбе-2» ифтитоҳ шуд. Тавре маълум аст, баъди ба истифода додани  навбати дуюми Марказ иқтидори энергетикии кишвар  300 мегаватт неруи барқ зиёд шуд, ки ин имконият фароҳам овард таъминоти барқ дар ҷумҳурӣ 5 соат зиёд карда шавад.

Дар тамоми солҳое, ки дар кишвари мо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон маҳдудият ҷорӣ карда мешавад, ин аввалин сол аст, ки ба мардуми деҳот дар як шабонарўз 12 соат барқ дода мешавад.

Акнун вақти он расидааст, ки дар пойтахт ба хотири сарфаи неруи барқ манзили зист ва корхонаву муассисаҳо ҳар чӣ тезтар ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда шаванд ва аз файзи Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бештар баҳравар гарданд. Воқеан, истифода аз шабакаҳои гармидиҳӣ хароҷоти неруи барқро хеле кам менамояд, ки ин ба буҷети ҳар оила низ манфиатбахш аст.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд шудааст: «Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем».

         Дар ин замина, воқеан ҳам мо-энергетикҳои кишвар кумаку дастгирии ҳаррўзаи шахсан Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос менамоем. Овардани ҳамин далел кофист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўли соли 2016 шаш маротиба дар ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор додани лоиҳа ва иншооти муҳими энергетикии кишвар  иштирок намуданд.

Аз ҷумла, 27 апрел дар доираи сафари кориашон дар НБО-и Норак дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элигазии 500 кВ-ро ба кор дароварданд; 12 май бо ширкати роҳбарияти сатҳи олии се давлати дигари минтақа — Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ — CASA-1000 асос гузоштанд; 4-5 август  ба Роғун сафар намуда, аз рафти корҳо дар неругоҳи барқи обӣ шинос шуда, бо бинокорони неругоҳ суҳбат намуданд; 29 октябр  дар Роғун дар тантанаи дигар намудани маҷрои  дарёи Вахш дар маҳали бунёди неругоҳ дигар ширкат намуданд; 18 ноябр  ба фаъолияти неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи барқарорсозии неругоҳ ошноӣ пайдо карданд; инчунин, тавре дар боло зикр намудам, 8 декабр  бо иштироки Сарвари давлат навбати дуюми МБГ «Душанбе-2» ифтитоҳ шуд.

Бале, дар кишвари мо соҳаи энергетика рушд меёбад, вале вобаста ба сол то сол беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар талабот ба барқ низ меафзояд. Мутобиқи ҳисобҳои оморӣ, шумораи аҳолии кишвар беш аз 1,6 баробар афзоиш ёфта, 1 300 000 оила манзили нави зист бунёд намудаанд. Миқдори корхонаҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 алҳол ба 2100 адад расидааст, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 тоннаи соли 1991 ба бештар аз 100 ҳазор тонна зиёд гаштааст, ки ҳамаи онҳо неруи барқи иловагиро талаб менамоянд. Агар то соли 1990 аз тарафи аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол 1,0-1,1 млрд.кВт.соат неруи барқ истифода мешуд, пас солҳои охир ин нишондиҳанда ба 3,8-4,0 млрд.кВт.соат баробар шудааст. Дар ин бора дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ барҳақ таъкид шудааст: «Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд».

Бо назардошти ин, кормандони соҳаи энергетика ҳама вақт ҷахду талош доранд, ки мутобиқи ин талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Моро суханони рӯҳбахши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем» — дар ин ҷода дилгарм менамояд ва масъулиятамонро дучанд афзун мегардонанд.

Мо, кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, пурра бовар дорем, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслии  он пешрафти кишвар ва саодати кулли ҳамдиёрони мост, албатта, чун маҷмӯаи дастурҳои рўҳбахш дар амал татбиқ мегардад ва дар баробари дигар дастовардҳо истиқлолияти энергетикиро воқеӣ мегардонад.

Сарвари давлат низ дар ин бора дар Паём зикр намудаанд: «Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем».

Ман андешаҳои худро бо ин суханони рӯҳбахш нуқта гузошта, ҳамаи ҳамватанонро даъват менамоям, ки Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бояд пурра омўзем ва дар ҳаёт татбиқ намоем. Ин Паём маҷмӯи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, амалӣ гаштани нақшаҳои дар он пешниҳодшуда боиси рушди кишвар ва саодати ҳар сокини Ватани мо мегардад.

  

Л. ТОИРӢ

Декабрь 27, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд