Мухолифини Сурия музокироти ҳалли низоъро ҷонибдорӣ намуданд

Декабр 28, 2016 10:16

Хабарҳои мавзӯъ

siriya-5

ДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Кумитаи олии музокироти (КОМ) мухолифини Сурия Риёз Ҳиҷоб пешниҳод доир ба музокироти ҳалли сиёсии низоъ дар Сурияро «талошҳои самимӣ» ба сулҳ хонда, ҷонибдориашро ба онҳо эълон намуд. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.
«Мо аз дигаргунии мавқеи баъзе аз абарқудратҳои ҷаҳон ва талошҳои мусбати самимӣ, ки метавонанд нуқтаи татбиқи орзуҳои мардуми Сурия дар роҳи расидан ба созише, ки амнияту субот меорад, гарданд, истиқбол мекунем», — гуфта мешавад дар изҳороти матбуотии ӯ.
Чанде пеш Россия, Эрон ва Туркия бо ташаббуси дар Сурия ва Остона баргузор намудани музокироти ҳалли сиёсии Сурия баромад намуда, пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро, ки пойтахти кишварашро ҳамчун майдони гузаронидани музокирот пешниҳод намуда буд, ҷонибдорӣ карданд.
Ҳиҷоб дар изҳороташ зикр кард, ки КОМ хостори расидан ба оташбас дар тамоми ҳудуди Сурия тибқи қатъномаи ША СММ аст.
Намояндаи департаменти давлатии ИМА Марк Тонер зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ИМА тамоми талошҳои ба ҳалли сиёсии низои Сурия равонашударо ҷонибдорӣ менамоянд.
Ҳамчунин доир ба ин масъала президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон гуфт, ки дар музокироти Остона ба ғайр аз Россия, Туркия ва Эрон, эҳтимол намояндагони Арабистони Саудӣ ва Қатар низ даъват карда шаванд.

Декабр 28, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд