Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек

Декабрь 2, 2016 21:43

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 2 декабри соли 2016 масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Чехия аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани ҳамкорӣ самтҳои гуногун ва афзалиятнокро барои таҳкими муносибатҳо интихоб кардаанд ва ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо бо мазмуну мундариҷаи нав метавонанд дар сатҳи назаррас мусоидат намоянд.

Дар ин робита таъсиси Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Чехия яке аз омилҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чехия маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин мавзуъҳои дигари равобити дуҷониба баррасӣ шуда, вобаста ба имконоти сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва молиявии Чехия ба раванди рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва технология нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.

Декабрь 2, 2016 21:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон