Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Чехия Милан Штех

Декабрь 2, 2016 21:34

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ Ховар»/. Дар шаҳри Прага Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Чехия Милан Штех мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки густариши ҳамкориҳои гуногунҷониба, аз ҷумла рушди равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Чехия яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Таъкид гардид, ки боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Чехия аз кишварҳои ҳамдигар, музокироти дӯстонаву созандаи онҳо, инчунин санадҳое, ки дар ҷараёни ин боздидҳо ба имзо расиданд, барои рушди минбаъдаи муносибатҳо заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун омили муассири рушди ҳамкориҳои фарогири кишварҳо арзёбӣ карданд. Бо назардошти рушди ҷомеа ворид кардани ислоҳот ба низоми меъёрию ҳуқуқӣ ва омӯзиши меъёрҳои пешрафтаи низоми парлумонӣ амри зарурӣ шуморида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҳамсуҳбатон ба масъалаи таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзада, бахусус Афғонистони ҳамсоякишвари мо, барои бартараф кардани заминаҳои иҷтимоиву иқтисодии қазияи сиёсию низомии ин мамлакат андешаронӣ карданд.

Декабрь 2, 2016 21:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт