Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ

Декабрь 17, 2016 23:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Раштрапати Бҳаван Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуданд.

Қабл аз баррасии масоили ҳамкорӣ дар маросими хоси истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо шинос шуданд.

Сипас дар суҳбати самимии дӯстона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз ҷумла оид ба масоили ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика,  маорифу  фарҳанг ва  ҳамкориҳои  ҳарбӣ техникӣ  табодули афкор намуданд.

Ҷалби сармояи Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиати  онҳо ба иқтисодиёти  Афғонистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани шароиту имконоти мусоиди  нақлиётию транзитӣ дар байни кишварҳои минтақа иқдоми муҳим дар рушду тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати  иштироки  муштарак дар татбиқи  лоиҳаҳои  бузурги минтақавии  нақлиёту  инфрасохторӣ  ва  дигар лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаётан муҳим фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Сарони давлатҳо аз  сатҳу  муҳтавои ҳамкориҳои  ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла   дар самти омода  намудани кадрҳои низомӣ ва иштирок дар беҳдошти инфрасохтори  ҳарбии Тоҷикистон   изҳори  қаноатмандӣ  карда, барои идомаи манфиатбори ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва технологияҳои иттилоотӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамгироии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию  байналмилалӣ ба мисли СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай ва рушду тавсеаи муштарокоти дуҷониба дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон   мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Даъват бо изҳори хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки вақти сафар тариқи муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

30893348513_0ae604ee61_z

Декабрь 17, 2016 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон