Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Декабрь 2, 2016 14:33

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Директори Бонки мазкур  оид ба Осиёи Марказӣ Нил Маккейн мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории молиявии дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ аз сатҳи кунунии равобити дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии сохтори бонкӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъминоти об ва  дастгирии бахши хусусӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон Намояндаи доимии  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонс иштирок намуд, ки муҳлати ваколаташ дар ин вазифа ба итмом расидааст.

Декабрь 2, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд