Мусоҳибаи Сафири Туркия: Аз ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун то ба мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ

Декабр 24, 2016 11:12

Хабарҳои мавзӯъ

dsc_0164

ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал бо АМИТ «Ховар» мусоҳиба баргузор намуд, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Сафир, чанд рӯз пеш дар Анқара ҳодисаи мудҳиш – куштори Сафири Федератсияи Россия дар Туркия Андрей Карлов содир гардид…

Алӣ Рифат Кёксал: Мо ин ҳодисаро қотеъона маҳкум менамоем. Бори дигар ба оила, наздикони марҳум, дипломати гиромиқадр Андрей Карлов, ба Вазорати корҳои хориҷии Россия ва умуман ба халқи рус изҳори тасаллият менамоям. Тамоми халқи Туркия ба ин суиқасд лаънат мехонад. Мардуми Туркия ҳақиқатро мебинанд. Роҳбарияти Федератсияи Россия ва халқи рус чӣ ҳадаф доштани ин суиқасдро хеле хуб дарк мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Туркия изҳорот пахш намуда, дар он ҳадафи ин суиқасдро танҳо хатар ба муқобили Андрей Карлов не, балки бар зидди Россия, Туркия ва равобити Россияву Туркия арзёбӣ кард. Ин сӯиқасди тарҳрезишуда барои вайрон кардани муносибатҳои Туркияву Русия, ки бо иродаи қавӣ ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо ба эътидол меоранд, равона шудааст.

Дар изҳороти аз тарафи Россия ва изҳороте, ки аз ҷониби мо пахш шуд, гуфта мешаванд, ки ин гуна ҳамлаҳои ғаразнок муносибатҳоро вайрон карда наметавонанд. Аҳамияти шарикиву устуворгардии равобити Россияву Туркия на фақат барои ин ду кишвар, балки барои тамоми минтақа манфиатбахш мебошад. Пушти ин суиқасд кӣ меистад, муайян хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»: Чанде пеш Шумо эътимодномаи худро оид ба таъйин шуданатон ҳамчун Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардед. Вобаста ба ин табрикоти самимии моро пазиро бошед. Дар хусуси самтҳои асосии фаъолияти худ ҳамчун сафири яке аз кишварҳои рушдкунандаи минтақа чанд сухан мегуфтед. Яқин аст, ки Шумо супоришҳои хосса доред?

Алӣ Рифат Кёксал: Эҳсосоти хушбахтӣ аз он дорам, ки дар як кишваре фаъолият менамоям, ки дар он мардум якдигарро аз наздик мешиносанд ва заминаи равобити он аз муносибатҳои фарҳангиву таърихӣ шурӯъ мешавад. Мероси муштараки фарҳангиамон дорои шахсиятҳои ҷаҳонӣ мисли Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ буда, мардумони ду кишвар аз робитаҳои фарҳангиву таърихии ҳамдигар илҳом мегиранд.

Дар замони ҷанги дохилӣ Сафорати Туркия дарҳои худро ҳеҷ гоҳ набастааст. Бадбахтие, ки ба сари мардуми тоҷик омад, мо онро бо ҳам дидем. Худованд дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад.

Табиист, ки вазифаи аввалиндараҷаи ман ҳамчун Сафир нигоҳ доштану устувор намудани ин муносибати самимона мебошад.

Дар робитаи миёни ҳарду кишвар ягон мушкилот вуҷуд надорад.

АМИТ «Ховар»: Аз нигоҳи Шумо муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия дар кадом сатҳ қарор доранд? Оё ҷалби сармояи Туркия ба соҳаҳои истихроҷ, энергетика, кишоварзӣ ва саноати Тоҷикистон дар назар дошта шудааст?

Алӣ Рифат Кёксал: Дар мавриди робитаи иқтисодиву тиҷоратӣ ҳаминро тазаккур додан лозим аст, ки Туркия дар содироти Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Тоҷикистон аз ҳама бештар содиротро ба Туркия амалӣ менамояд. Инро ҳама намедонанд. Мо дар маҷмӯи ҳаҷми тиҷорат ҷои чорумро ишғол менамоем. Содироти Тоҷикистон ба Туркия наздикии 200 миллион доллари амрикоӣ ва ҳаҷми умумии тиҷорат байни кишварҳо бошад 360 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар бахши сармоягузорӣ ба Тоҷикистон низ Туркия аз пешсафон аст. Масалан байни солҳои 2009-2014 аз тарафи ширкатҳои туркӣ наздикии 150 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Танҳо дар соли 2015 қариб 50 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ гардид.

Илова бар ин, аз тарафи ширкатҳои пудратии туркӣ дар Тоҷикистон то ба ин рӯз зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ барномаҳои мухталиф амалӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, ба Тоҷикистон то имрӯз ба маблағи 91 миллион доллари амрикоӣ дастгирии молиявӣ ва кӯмаки башардӯстона расонида шудааст. Аз ҷониби ТИКА (Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия) дар ҳаҷми 49 миллион доллари амрикоӣ барои рушди кишвар кӯмак расонида шудааст.

Соли 2015 аз тарафи ТИКА дар Тоҷикистон 16 тарҳ ба маблағи умумии 600 000 доллари амрикоӣ амалӣ шудааст.

Албатта ин кифоя нест. Ин рақамҳо иқтидори ҳақиқиро инъикос намекунанд. Бинобар ҳамин саъю кӯшиш баҳри зиёд намудани ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузорӣ барои ман аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида мешавад.

АМИТ «Ховар»: Оид ба ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш чӣ андешаҳо доред? Оё ҷорӣ кардани ҳамкории зич миёни варзишгарони мо, аз ҷумла байни Федератсияҳои футболи ҳар ду кишвар имкон надорад? Ҳамчунин ҳамкорӣ миёни намояндагони ВАО, кормандони соҳаи театр, киноро ба роҳ мондан мумкин аст. Тавре ки медонем, имкониятҳои ин соҳаҳо то ҳоло истифоданашуда боқӣ мемонанд.

Алӣ Рифат Кёксал: Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ҳаминро гуфта метавонам, ки соҳаи фарҳанг дар равобити дуҷониба ҷои махсусро ишғол менамояд ва то ин рӯз дар ин самт масофаи назаррас тай шудааст.

Дар ҷараёни фаъолияти худ боз ҳам рушд додани ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз ҳадафҳои асосии ман ба ҳисоб меравад. Хоҳиши онро дорем, ки дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳанги Туркияро дар мисоли ташкил кардани намоишгоҳҳои гуногун, тақдими таомҳои туркӣ, намоиши мӯд, филмҳои туркӣ ва дигар чорабиниҳои шиносоӣ баргузор намоем.

То он ҷое, ки маълумот дорам дар соҳаи варзиш миёни кишварҳо то ба ин рӯз як қатор қадамҳо гузошта шуда бошад ҳам, вале ҳамкории амиқ вуҷуд надорад. Аммо чи тавре ки Шумо зикр кардед, махсусан футбол дар ҳарду кишвар шуҳрати зиёд дорад ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба монанди ташкили вохӯриҳои дӯстонаи миёни тимҳои ҳарду кишвар ба ин мисоли равшан шуда метавонад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи ВАО низ дар сатҳи муайян қарор дорад. Соли гузашта пеш аз ҳама намояндагони «Ховар» ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои гуногун ба Туркия сафар намуданд. Ғайр аз ин чи тавре ки медонед, корҳо оид ба густариш додани ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» Ховар бо Агентии иттилоотии Туркия «Анадолу» дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Дар мавриди туризм гуфта метавонам, ки Туркия барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун як макони муҳими сайёҳӣ шуморида мешавад. Соли гузашта қариб 32 000 сайёҳи тоҷик ба Туркия ворид шудааст.  Аз тарафи дигар Тоҷикистон ба кишварҳое дохил мешавад, ки солҳои охир соҳаи сайёҳиро густариш додааст ва дар ин соҳа иқтидорҳои васеъ дорад, вале афсӯс, ки аз тарафи мардуми турк Тоҷикистон пурра шинохта нашудааст. Фикр мекунам, ки афзун гардидани рафтуомади тарафайни сайёҳони ду кишвар барои густариш додани дигар соҳаҳои байни давлатҳо мусоидат хоҳад кард. Бинобар ҳамин орзу дорем, ки теъдоди сайёҳони тоҷик ба Туркия зиёд гардад ва мо омода ҳастем, ки дар бобати дастгирии иқдомҳои ба ҷалби сайёҳони турк равонашуда кӯмаки хешро расонем.

Парвози тайёраҳои ширкати ҳавопаймоии туркӣ ва ширкати «Сомон Эйр» миёни кишварҳо ба мо имкон медиҳад, ки иқтидорҳои мавҷударо дар ин соҳа истифода намоем.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ аҳамияти ҷиддӣ, ҳама гуна талошҳоро барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ дар ҳамаи кишварҳо маҳкум мекунад ва даъват аз он мекунад, ки дар мубориза ба муқобили терроризм аз стандартҳои дугона истифода нашавад. Дар ин бахш – таъмини амният, нигоҳ доштани сохти конститутсионӣ ва суботи ҷомеа миёни кишварҳоямон чӣ гуна ҳамкорҳо метавонанд ҷой дошта бошанд?

Алӣ Рифат Кёксал: Айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти байни ду кишвар тавассути механизмҳои гуногун ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дидгоҳи Туркия ва Тоҷикистон дар мавриди мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва ифротгароӣ, ҳамчунин робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ дар бисёр ҳолатҳо мувофиқ ҳастанд. Ман ба ин бовар ҳастам, ки бидуни ҳамкории байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм ва тундгароӣ, муборизаи босамар имкон надорад.

Таҷрибаи гузаштаи наздик дар кишварҳоямон имкон медиҳад, ки дар соҳаи амният якдигарро хубтар шиносем ва ба ҳамдигар кӯмак расонем. Тавре ки маълум аст, Туркия ва Тоҷикистон дар гузаштаи наздик кӯшиши табаддулоти давлатии номуваффақро паси сар намуданд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам сафир, шояд саволҳое буданд, ки Шумо аз мо мунтазир будед, аммо мо ба Шумо нагуфтем…

Алӣ Рифат Кёксал: Чи тавре ки маълум аст, созмони террористии «ФЕТО» 15 июли соли 2016 кушиши табаддулоти давлатиро амалӣ намуд. Сохтори мазкур дар муддати тӯлонӣ дастгирии давлатро гирифта дар солҳои охир бо як нозукӣ рафтор намуд ва дар таърихи 17-25 декабри соли 2013 бо эътимод ба неруи бадастомада дар дохили кишвар, бар зидди ҳукумати қонунӣ бо номи «мубориза бар зидди фасод» як кушиши табаддулоти сиёсӣ-адолатиро амалӣ намудааст. Ҷумҳурии Туркия аз он рӯз эътиборан симои ҳақиқии сохтори «ФЕТО» -ро дарк намуда онро созмони террористӣ эълон намуд. Сипас «ФЕТО» бо сабаби комёб нагардидани он табаддулоти қаблӣ ин дафъа тасмим гирифт, ки 15 июли соли 2016 ба ҷониби халқи худ силоҳро равона намуда, ҳатто аз куштори мардуми худ рӯ нагардонда, ба воситаи гурӯҳҳои хеш дар дохили артиш кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ намояд.

Созмони террористии «ФЕТО»  сохтори пӯшидашудаи мураккаб буда, барои расидан ба ҳадафҳои пинҳонии худ дар ҳолати зарурӣ аз истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ ва зуроварӣ даст намекашад. Мо дар платформаҳои байналмилалӣ ва тамосҳои худ бо намояндагони тамоми кишварҳое, ки дар онҳо «ФЕТО» фаъолият дорад, таъкид намудем, ки ин созмон на танҳо барои Туркия, балки балки барои тамоми кишварҳои дунё хатар дорад.

Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА

Декабр 24, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Акрамов26 май-Рӯзи адвокатҳо. Дар зимни фаъолияти ҳар як адвокат тақдири шаҳрвандон қарор дорад, ки адолати судиро ба онҳо Конститутсияи Тоҷикистон кафолат додааст
шашмаком512 май-Рӯзи Шашмақом: мактаби «устод-шогирд»-ҳамчун омили рушди анъанаҳои мусиқии касбӣ
Фаридун ХакимовАз садамаи Чернобил 31 сол гузашт. Иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои он дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок доранд
Академияи илмхо16 апрел-Рӯзи илми тоҷик. Президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои олимони тоҷик дар солҳои Истиқлолият
мусохиба-зафарчон Бурхонзода Вазорати рушди иктисодВазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор: оё омилҳои иқтисодие ҳастанд, ки қурби асъори миллиро мӯътадил нигоҳ доранд?
Кум ЗанонИ. Қосимзода: «Барномаи нав бо мақсади ҷалб ва пешбарии занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда қабул гардидааст»
a-muhammadАбдураҳмон Муҳаммад: «Аз ҳадди эътидол гузаронидан ва ба ифрот расонидани демократия озодии мардумонро маҳдуд менамояд ва боиси анархия мешавад»
DSC_0006Нурулло Маҳмадуллозода: «Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон ҷиҳати қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад»
Хафизов-ВТ Барномаи кафолатхои давлатиТаъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои камхарҷи дармонгоҳӣ
Дилшод Назаров муовинДилшод Назаров дар бораи рафтори Устопириён: «Қимати одоби варзишгар аз қимати медали тиллои олимпӣ ҳам баландтар аст!»
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ ва Шукӯҳи ДАЛЕР, хабарнигори АМИТ «Ховар»Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ: «Тоҷикистон табиати биҳиштосо дорад»
Навруз муборак!Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!