«Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар»- семинар дар ДМТ

Декабрь 27, 2016 10:13

ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ДМТ хабар доданд.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  устодону донишҷӯён иштирок ва сухан карданд.
«Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад»,-иброз дошт Дилшод Раҳмон, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Декабрь 27, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд