Намоишгоҳи байналмилалии китоби Миср муассисаҳои табъу нашри Тоҷикистонро даъват мекунад

Декабрь 24, 2016 09:14

ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 январ то 10 феврали соли 2017 дар Маҷмааи байналмилалии намоишгоҳии Мадинат-Наср дар шаҳри Қоҳира 48-ум Намоишгоҳи байналмиллалии китоб баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар робита ба ин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои табъу нашри Тоҷикистон ва дигар ташкилоти дахлдорро барои иштирок дар намоишгоҳ даъват мекунад.

«Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро дар бораи намоишгоҳ ва шартҳои иштирок дар сомонаи www.gebo.gov.ee дастрас намоянд.

Барои тамос бо Раёсати Агентии асосии китоби Миср, ки ташкилкунандаи намоиш ба ҳисоб меравад, аз нишонии электронии fairs@gebo.gov.eg ё аз рақами телефонии 0020225789316 истифода бурдан мумкин аст»,-зикр кард манбаъ.

Декабрь 24, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид