«Оила-макони меҳру муҳаббат» -конфронс дар шаҳри Конибодом

Декабрь 1, 2016 17:00

Душанбе, 01.12.2016 / АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» бо мақсади ҷалби диққати ҷомеа ба масъалаи зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба занон таҳти унвони «Оила- макони меҳру муҳаббат» конфронс баргузор гардид.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Маъракаи иттилоотонии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» тибқи нақша дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо идома меёбад»,-хабар дод манбаъ.
Дар барнома намояндагони Раёсати маорифи шаҳр, муовинони раисони ҷамоатҳои деҳот, ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ», фаъолони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд.

Декабрь 1, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид