Пан Ги Мун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Декабрь 23, 2016 08:22

ДУШАНБЕ, 23.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи табрикӣ ирсол гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям. Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳает, 2005-2015» мусоидат менамояд.
Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас мебозад”.

Декабрь 23, 2016 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон