Парлумони Тоҷикистон: Омӯзишу таҳқиқ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии кишвар мебошад

Декабрь 15, 2016 15:21, 787 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

12

ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» муҳокимаи парламентӣ бо иштироки масъулони як зумра вазорату идораҳои дахлдори мамлакат баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» қабул шудааст. Марҳилаи якум солҳои 2012-2015-ро дар бар гирифта, дар давоми он таъмиру барқарорсозии 20 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, марҳилаи дуюми амалигардонии он солҳои 2016-2020- ро дар бар гирифта, ба он 23 ёдгории нисбатан бузург ворид гардидаанд.
Дар доираи барномаи давлатӣ таъмиру тармими 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ дохил шуда, 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ тармим хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллиони он маблағҳои буҷавӣ мебошанд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ гуфт: «Мувофиқи рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон 2020 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 1278 адад ёдгориҳои бостонӣ, 300 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 442 адад ёдгориҳои таърихӣ-монументалиро ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод ба шаҳри Душанбе 34 адад, вилояти Хатлон 581 адад, вилояти Суғд 724 адад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 251 адад ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 430 адад ёдгориҳо мансуб мебошанд».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир дар доираи Барномаи мазкур ва берун аз он барои ҳифз ва тармиму барқарорсозии даҳҳо ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, аз ҷумла қалъаҳои куҳану осори меъмории Истаравшан, Хуҷанд, Ҳисор, осори таърихиву меъмории Панҷакент, шаҳристони қадимаи Саразм, ҳамчунин тармиму бозсозии яке аз ёдгориҳои нодири асримиёнагии пойтахти Хатлон шаҳри Ҳулбук, ки ҳоло дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ҷойгир аст, ёдгориҳои Тахти Сангин, мақбараҳои Мир Сайид Али Ҳамадонӣ, Мазори Ҳазрати Султон, чандин музею осорхонаҳо ва дигар ёдгориҳои меъмориву таърихӣ маблағи зиёд ҷудо кардааст.
«Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки низоми таъминоти кадрӣ вобаста ба фаъолияти нигоҳдорӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ниёз ба ислоҳот дорад. Имрӯз дар сатҳи баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, алалхусус дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисор, Исфара, ноҳияи Шаҳринав воҳидҳои корӣ ва нозирони ҳифзи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шуда бошанд ҳам, дар аксарияти дигар маҳалҳо чунин воҳидҳои дахлдори корӣ вуҷуд надоранд. Дар сатҳи маҳал вазифаи мутасаддӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ асосан ба зиммаи 2-3 нафар масъулони бахши фарҳанг вогузор карда шудааст. Аз ин лиҳоз, дар бисёр ҳолатҳо бо сабабҳои субъективӣ, раванди кор дар ин ҷода ба ҳоли худ гузошта шудааст. Дар маҳалҳо, инчунин шумораи мутахассисон-меъморони ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ хеле кам ба назар мерасанд», гуфт Лутфия Раҷабова ва илова кард, ки «ҳамкории мақомоти дахлдор бо мактабҳои олии кишвар, ки мутахассисони соҳаро тайёр мекунанд, дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷа дар аксарият шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода нашудаанд ва ё фаъолияти онҳо суст ба роҳ монда шудааст. Аксарияти мутахассисони маҳаллӣ ниёз ба такмили ихтисос ва касб доранд. Ин кор номунтазам ба роҳ монда шудааст, ки нигаронкунанда мебошад».
Таҳлилҳо нишон доданд, ки як қисм ёдгориҳои таърихӣ барои қабул ва ё ташрифи шаҳрвандон чандон омода нестанд. Шиносоӣ бо фаъолияти ёдгориҳои таърихии пурра фаъолиятбаранда муқаррар намуданд, ки ҳангоми самаранок ва мақсаднок истифода бурдани онҳо корҳои муайянеро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас, инчунин рушди туризми дохилӣ анҷом додан мумкин аст. Барои мисол дар ин иншоот гузаронидани маъракаҳои бақайдгирии оилаҳои нав, супоридани шаҳодатномаҳои таваллуди кӯдак, озмунҳои оилаҳои беҳтарин, гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ва ғайраро ба анъана даровардан мумкин аст.
Дар аксар ҳолат гузаронидани чорабиниҳо дар ин мавзеъҳо вобаста ба идҳои умумиҷумҳуриявӣ рост меоянд. Ҳамчунин дар онҳо имконияти ташаккул додани фаъолият бо низоми худмаблағгузорӣ низ вуҷуд дорад ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанг бояд тадбирҳои самарабахш андешанд.
Бояд тазаккур дод, ки амалигардонии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 — 2020» аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, суръат бахшидан ба рафти иҷрои он бе иштироки фаъоли сохторҳои марбута ва дастгирии молиявӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати тезонидани иҷрои Барномаи мазкур иштироки фаъоли сохторҳои дахлдор тақозо мегардад.
Аз рӯи масъалаи мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азимӣ, вакилони мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ, Ҷамшед Саидов, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Насиба Содиқова фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 20 марти соли 2001 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат гуфта будаанд: «Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст».

Декабрь 15, 2016 15:21, 787 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Рузи шеър-0021 март – Рӯзи байналмилалии назм: шеър оинаи фазилати миллати мост
Бознашри газалиёти БедилБознашри ғазалиёти Бедил дар Душанбе
Навруз МТС (1)Наврӯз-падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ
Навруз МоскваИмсол Наврӯзро дар Маскав аввали апрел дар ВДНХ ҷашн мегиранд
фестивали боги санъат 2Фестивали «Навниҳолони боғи санъат» кӯдакони боистеъдоди минтақаҳои кишварро ҷамъ овард
МТС-Бедил (2)Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа
Рузи матбуот (8)Маҳмадшариф Бобошозода: «Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил софдилона ба манфиати халқу кишвари худ хизмат кардан аст»
Рузи МодарКАМОЛ НАСРУЛЛО: «ШАБ ХАЁЛИ ТУ ЧАРОҒИ РӮИ МИЗАМ, МОДАРАМ…»
Ачоибнома китобхонаи миллиМужда: «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тӯсӣ аз чоп баромад
Мунира Шахиди (10)Мунира Шаҳидӣ: «Фарҳанги тоҷик аз фарҳангҳоест, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудаанд»
Тоҷикистон дар 31-умин Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд мела» иштирок карда хунару фарҳанги тоҷикро муаррифӣ намуд 1Дар 31-умин Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд мела» ҳунару фарҳанги тоҷикон муаррифӣ гардид
Индия театр-2«Суди девонагон»-и театри Конибодом дар Фестивали байналмилалии Ҳиндустон намоиш дода шуд