Паёми Пешвои миллат — сарчашмаи рушди низоми бонкии мамлакат

Декабрь 29, 2016 15:07

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Тавре ки аз БМТ хабар доданд, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар бобати аҳамияти Паёми Сарвари давлат, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дастуру супоришҳои додашуда сухан гуфт.
Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ба шумор рафта, дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад. Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат садо дод, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудааст, — изҳор дошт Ҳамидулло Машрабзода.
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон Шамсулло Давлатов иштирокдорони ҷаласаро ба таври васеъ бо масъалаҳои Паёми имсола шинос намуда, аз иштирокдорон талаб намуд, ки ба вазифаҳои дар назди кормандони низоми бонкии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат гузошташуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зикр гардид, ки масъалагузориҳои Пешвои миллат дар мавриди рушди соҳаи бонкдорӣ, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва ба ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ собит месозанд, ки ин мавзӯъ доимо зери назари бевоситаи Пешвои миллат қарор доранд. Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои вазифаву ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат ҳар кадоме аз иштирокдорон масъулияти бештарро бояд эҳсос кунанд.

Декабрь 29, 2016 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид