Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад»

Декабрь 2, 2016 09:15

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Чехияро идомаи муколамаи созандаи байни ду кишвар дар сатҳи баланду олӣ дониста, натиҷаҳои онҳоро самарабахш арзёбӣ намуд. Ҳамчунин Сарвари давлати тоҷикон «қаноатмандии хешро аз натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Чехияи дӯст, Ҷаноби Олӣ Милош Земан ва дигар шахсони расмӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният баргузор гардиданд», изҳор кард.
Хотиррасон мешавем, ки дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Чехия шаҳри Прага мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан баргузор гардид.
«Дар ҷараёни сӯҳбати хоса ва музокироти васеи ҳайатҳо маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули андеша сурат гирифт», — таъкид гардид дар изҳороти матбуотии Президенти мамлакат аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан.
Вобаста ба сиёсати байналхалқии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки: «Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад. Робитаҳои мо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила ташаккул ёфтаанд. Мо Чехияро дар Аврупо ба сифати шарики муҳими худ эътироф кардаем ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷонибаи худ бо он изҳори қаноатмандӣ менамоем».
Дар мавриди рушди ҳамкории дуҷониба изҳор карда шуд, ки барои рушду тавсеаи онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн имкониятҳои фарох вуҷуд доранд. «Соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ, туризм ва амният аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ду кишвар метавонанд дар онҳо доираи робитаҳояшонро тавсеа бахшанд», — зикр кард Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Декабрь 2, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд