Роҳҳои бастаи Бадахшон боз шуданд

Декабрь 30, 2016 17:12

ХОРУҒ, 30.12.2016. /АМИТ Ховар/. Бар асари боришоти пай дар пай ва фуромадани тарма роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ- Кулма дар километрҳои 558, 560 ва 565-ум муваққатан баста шуд. Аз Муассисаи давлатии «Бадахшонроҳ» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баъди як шабонарӯз ҳамаи тармаҳо пок ва ҳаракати мошинҳо барқарор карда шуд. Ҳоло ба тамоми қитъаҳои душворгузар техникаву мехнизмҳои роҳсозӣ интиқол дода шуданд ва дар сурати фаромадани тарма дар зудтарин фурсат роҳ ба рӯи мошинҳои мусофирбару боркаш боз мешавад.
Назар ба маълумоти муассисаи обуҳавосанҷии ВМКБ, дар давоми ду шабонарӯз ғафсии барф дар шаҳри Хоруғ то ба ним метр ва шарқи вилоят то 80 см расидааст. Барфкӯчӣ дар ВМКБ одатан баъди боридани борон дар остонаи фасли баҳор рух медиҳад, аммо имсол дар моҳи декабр барф ба борон табдил ёфта, боиси тармафароӣ гардид.
Ба гуфтаи ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, боронгариҳои шадид ягон ҳодисаи нохуш дар пай надоштанд. Як мошини боркаш дар роҳи деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон сари роҳ чаппа шуд, аммо касе осеб надид.

Декабрь 30, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд